Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
ва ба ивази ин маҳрумият, ин душворӣ ва вазниниҳои ҷудоӣ ба як боигарии маънавӣ мубаддал гардад.”
Таъкид мекарданд, ки бештар ба дарси худ ва васеъ намудани олами маънавӣ аҳамият диҳам. Бино бар ин ба хондани китобҳои ба ихтисосам вобаста машғул шавам ва адабиёти бадеии классикони русу ғарбро хонам. Дар мактубҳояшон то ҳатто рӯйхати китобҳоро менавистанд, ки агар нахонда бошам, хонам ва ин китобҳоро аз китобхонаи донишгоҳ гирифтанам душвор бошад, метавонам аз китобхонаи Иттифоқи нависандагони Маскав гирам. Боз як-ду то китобҳои нависандагони тоҷикро низ мефиристом. Ба рӯзномаҳои “Известия”, “Литературная газета” хубтараш обуна шавам, агар ба обунашавӣ дер шуда бошад, дар Сталинобод обуна мешаванду ба нишони ман мефиристанд.
Илова бар ин агар мо мусиқиро ҳарчӣ бисёртар омӯзем, ҳамон қадар доираи илми назариявиамон васеъ ва дараҷаи донишамон баланд мегардад. Дар ин хусус дар яке аз мактубҳояшон иқтибоси олими табиатшиноси машҳури ҷаҳон Ч. Дарвинро мисол овардаанд: “Агар ба ман имконияти зиндагии дуюмбора мешуд, хондани асарҳои манзум ва гӯш намудани мусиқиро ҳеҷ набушад як бор дар як ҳафта барои худам чун қоида мегузоштам, онҳох қисми майнаи косахонаи сарам аз кор намебаромаду устувории худро гум намекард. Маҳрум шудан аз ин узвҳои зоиқа ин аст, ки маҳрумият аз як ҳиссаи хушбахтӣ ва шояд ин ба лаёқати тасаввурот ва эҳтимол ба тинати ахлоқ халал расонад, чунки табиати эҳсоси мо суст мегардад.”
Бинобар ин хотиррасон мекарданд, ки ба театр ва консертҳо, ки мавсими онҳо одатан моҳи октябр сар мешавад, вақт ёфта ҳатман ба ягон дӯсти наздикамон равам. (Дилбар-духтари хоҳари М. Бурҳоновкомпозитор,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо