Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

офтоби тобон аз тиреза даромада, аз дари дигар офтоби аз ин ҳам дурахшонтар дохил шуд...”

Алалхусус дар ин маврид маро сарзаниш карда мегуфтанд: дар ҳаёт принсипнокӣ ва устувории иродаи кас аз чизҳои хурдтарин ба вуҷуд меояд. Агар кас дорои ин хислатҳои нек набошад, бояд вай бо собитқадамӣ ва пурсабрӣ инро ба вуҷуд оварад. Зеро дар ҳаёт ва зиндагӣ ҳанӯз роҳҳои душворе ҳастанд, ки ба он танҳо ба воситаи принсипнокӣ ва устувории ирода бо вафодорӣ иқдом намудан мумкин аст.

Гоҳ эҳтиёткорона, мабодо ман наранҷам, вале инро донам, ки бедиққатӣ ва бепарвоӣ намудан аз наздик, ин аст, аз саршории эҳсос, аз барзиёдии хушбахтӣ, ки ба ношукрӣ баробар аст ва ҳамин бедиққатӣ ва бепарвоӣ дар дурӣ – ин сангдилӣ ва бераҳмист, мегуфтанд.

Мана ин буд, яке аз насиҳатҳои аввалини он кас, ки дар зиндагии мо борҳо дучор мегардид.

Бале, агар касеро сахт дӯст доред ва ин муҳаббатро ӯ ҳис карда тавонад, ин як хурсандии бузург аст. Ва илова бар ин боварие бошад, ки ба муҳаббати шумо ҳамеша содиқ ва вафодор аст – ин як хушбахтист ва вазнинии дурӣ ба як эҳсоси зарифи лаззатбахш мубаддал мегардад, ки ин дар мо вуҷуд дошт. Ҳамин тавр муҳаббати мо ҳеҷ гоҳ бо дилтангӣ (маҳзунӣ) намегузашт ва он дақиқаҳои хушбахттарин ва лаззатбори зиндагӣ буд. Мо ин муҳаббатро тамоми умр чун шираи гули зиндагӣ ҳис мекардем.

Бино бар ин мо кӯшиш мекардем, ки ба хондан ва кори худ машғул бошем, на барои дилхушӣ ва ё дафъи савдо вақти худро беҳуда гузаронем. Дар ин бора дар яке аз мактубҳояшон навишта буданд:

“Биёед ҳар ду чунон вақтро хуб гузаронем, ки ҳама – ҳам дониш ва ҳам захираи маънавӣ барои мо ҳосил шавад

пешина
аз 315
навбатӣ