Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар мактуб бо сабабе се-чор рӯз қатъ мегардид, боиси дилтангӣ, рӯҳафтодагии мо мешуд ва ба пешравии кор халал мерасонид. Ин ҳодиса бисёртар аз тарафи ман рух медод. Ва ин аст, яке аз навиштаҳои таънаомезу маломатбори дилтангии Расулхон ба ман: “Ман ҳатто ба ваъда ва қавлдиҳиҳои Шумо чунон як қаноатмандӣ, чунон боварӣ доштам, ҳеҷ гоҳ ҳатто дар тасаввурам гунҷонида наметавонистам, аз тарафи Шумо нисбат ба ман чунон як беэътиноие зоҳир шавад... Наход, Шумо дил мекунед, ки касе дар инҷо қариб ҳар соат дар ёди Шумо бошад, бетоқатона интизории мактубатонро кашад ва мактуби Шумо ба вай хурсандии бепоён бахшад, наход дар ҳамин вазъият Шумо дил мекунед, ки ӯро ноумед гардонед. Ман, масалан, ҳеҷ вақт чунин коре карда наметавонам..., вале баробари ҳамин муҳаббати пур аз самимияти дар дил доштаам тақозо мекунад, ки аз Шумо пайваста меҳри ҷавобӣ ҳис кунам, он навозишҳоеро, ки вақти бо Шумо буданам, ҳис мекардам, ҳамеша ҳис карда истам...”

Пас аз мактуби маро гирифтан, дар охири мактубашон узрхоҳона навиштаанд:

“...Азизам, чӣ хурсандие барои ман буд, дил ором гирифт. Монанди он, ки Елена пас аз бо Инсаров баёни муҳаббат кардан ба хона баргашт, ором, осоишта, кӯдаквор ба хоби роҳат рафта буд. Ба ҳама иштибоҳ, саволҳоям ҷавоб пайдо шуд. Конвертро кушода, баъзе ҷойҳои хатро заданӣ будам, аммо нахостам. Бигузор ин як хотирае аз рӯзҳои пуразият ба Шумо шавад. Шумо ҳам бисёр ҷойҳои онро сахт ба дил нагиред...”

Боз менависанд, ки: “... имрӯз пагоҳӣ аз хоб хестам, мактуби дигареро хиширӣ карда аз сӯрохи дар хаткашон партофт. Хонда, чунон хурсанд шудам, ки имрӯз кайфиятам рӯзи дурахшони имрӯза барин мешавад: субҳ

пешина
аз 315
навбатӣ