Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
медонед чӣ қадар вазнин аст. Дуруст мегӯед, ки инро бо қалам тасвир кардан ҳам чӣ ҳочат - ҳангоме, ки мо баробар якдигарро ёд мекунем, баробар як чизро ҳис мекунем - ин дард, ин ҳиссиёт ба ҳардуи мо баробар шинос ва наздик аст."
"... Акнун фаҳмидам, ки дар қалбам бисёр ҳиссиётҳои дигаре, як муҳаббати ҳатто худам намедонистагӣ ниҳон будааст. Ва инак, вақте ки Шуморо дидам, вақте ки бо Шумо пайваста мегаштам - ҳамаи ин эҳсос чунон ба ҷӯш омад, чунон берун баромад, ки худам гоҳе дар ҳайрат мемондам. Вале ниҳони хурсанд мешавам, ки не, ҳоло ман тамом нашуда будаам, ҳанӯз дӯст дошта метавонистаам ва ҳамеша як хушбахтӣ маро далер мекунад, ба ман орзу умедҳои бисёре медиҳад, ки ман Шуморо дӯст медорам... Агар муҳаббати ман боиси хушбахтии Шумо бошад, агар ин муҳаббат қалби Шуморо гарм мекарда бошад - азизам, ман на як бор, садҳо бор, ҳазорҳо, балки тамоми умр такрор мекунам, ки ман Шуморо дӯст медорам - шодӣ ва хушбахтии ҳаёти ҷавонӣ, зиндагии худро дар Шумо мебинам."
Ин гуна муҳаббати самимона ва бепоёни он кас на танҳо ба шахсияти касе, балки дар кор, дар ҷамъият, дар ҳаёти шахсии он кас ва умуман дар зиндагӣ вуҷуд дошт, ки ин натиҷаи поквичдонӣ, софдилӣ, вафодорӣ, олиҳимматӣ ва боинтизомӣ дар рафтору кирдор дар зиндагӣ буд. Дар ин бора худи он кас чунин гуфтаанд:
"Ҳангоме ки кас ҳис мекунад, ӯ ба муҳаббати самикӣ, доимӣ ва устувор бастан қодир нест, ин фоҷиаи калонест. Чунин касон умуман ба зиндагии пуршарафона қобил нестанд.
Касе, ки дар дил чунин муҳаббати пок ва олӣ дорад, вай ҳамеша дар ҳаёти чӣ шахсӣ ва чӣ ҷамъиятӣ ба корҳои хеле бошарафона қодир аст."

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо