Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
мебинед. Бо вуҷуди ин хобам намеояд. Хайр, коғазро дар ин ҷо қатъ мекунам ва чӣ тавре ки Артур ба Чемма навишта буд, коғазро, ки он ҷо номи Шумо навишта шудааст, бӯсида ба ёди Шумо ба оғӯши хоб медароям. Шояд маро қабул кунед. Ҳоло хайр, азизам."
29/VIII-1954с.
Ҳамин тавр, риштаи асосие, ки моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ ҳидоят мекард ва ба мо як ҷаҳон қувваи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ мебахшид, мактуб буд. Мо ба ҳамдигар аҳд намуда будем, ки мактуб дар давоми ду-се рӯз, дар рӯзҳои муайян навишта шавад ва ин рӯзномаи якҳафтаинаи мо бошад. Ин пешниҳоди он кас буд ва инро чунин маънидод карданд, ин аз як тараф дилгирӣ ва пазмониро камтар мекунад, аз тарафи дигар — мо қариб аз ҳоли ҳаррӯзаи ҳамдигар хабардор шуда меистем, аз тарафи сеюм — дар назди муҳаббати худ масъулияти рӯҳӣ ҳис мекунем. Шарт қатъист.
Муҳаббати мо рӯз то рӯз қавитар мегашт ва мо ҳарду аз он хушбахт будем, ки ёди ҳамдигар ба мо як қуввае медиҳад, як орзуе мебахшад, гарчанде мо аз якдигар дурем, гарчанде дарди пазмонӣ дилро сахт фишор медиҳад, вале бо вуҷуди ин магар муҳаббати мо нест, ки дар ҳамин қадар дурӣ моро бо ҳам мепайвандад, магар боварӣ ба ин муҳаббат, орзуи дар оянда якҷоя зиндагӣ кардан нест, ки моро аз дур он қадар ба ҳам наздик мекунад, гӯё ҳар дақиқа, ҳар соат мо якҷоя бошем. Танҳо муҳаббати соф, самимӣ ба ин гуна ҳиссиёт қобил аст.
Худи он кас дар яке аз мактубҳо менависанд:
"Ман дар умрам бори аввал аст, ки чунин самимона дӯст медорам ва бовар кунед, бори аввал аст, ки аз касе дур буданам маро бо вай боз наздиктар кардааст ва хушбахтона, ин Шумоед, азизам... умуман аз ҳамин рӯзи рафтанатон инҷониб ман чӣ қадар пазмонӣ мекашам,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо