Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
шуданамро тасвир карда наметавонам, дурусттараш, тасвир карда тавонам ҳам, ба гуфтан дар пеши сустии иродаам шарм мекунам. Борҳо мо ба ҳамдигар хайру хуш карда будем, борҳо ҳамдигарро гусел карда будем, борҳо як эҳсоси пазмонии ба ҳамдигар шиносро ҳис карда будем. Вале ин бор ҳамаи ин барои ман нав ва вазнин буд, ки чунин ҳиссиёти сангин ва азобовар ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ вақт дар умрам ба дили ман роҳ наёфта буд. Пас аз омадан аз вокзал ба худ ҷой намеёфтам. Худи ҳамин фикри ноҳинҷор, ки мо муддати дароз якдигарро нахоҳем дид, болои сарам чун санг овезон шуда, маро азоб медод, ҳатто медонед... дар чашмонам об чарх мезаданд. Оҳ, азизам ин гуна дақиқаҳои талх. Дар давоми се рӯз саҳве намешавад, гӯям, ки Шуморо аз пеши назарам дур карда наметавонам. Дар кӯчаҳо ҳар дақиқа гӯё Шуморо дидагӣ барин шуда як қад мепарам ва дар дил як тазйиқе пайдо мешавад. Ҳамон суруде, ки (оҳанги Бурҳонов) шаби охир аз зери багали Шумо моил шуда, ба гӯшатон онро паст-паст замзама мекардам ва Шумо ҳам ба хотири парешон ва ҳоли мушаваш онро гӯш медодед, вирди забони ман ҳаст. Гоҳо чунон маъюс, чунон дилгир мешавам, ки беихтиёр ҳамин байтҳои Ҳофиз аз қаъри синаам мебароянд:
Фироқро ба фироқи ту мубтало созам, Чунонки хун бичаконам зи дидаҳои фироқ.
Ман аз куҷову фироқ аз куҷову ғам зи куҷо, Магар бизод маро модар аз барои фироқ.
Инак ҳозир, нисфи шаб нишаста, ба Шумо ин коғазро менависам. Шояд ин ба охир нарасад. Вале барои ман каме сабукӣ мешавад. Агарчанде эҳтимол Шумо хобидаед, вале ман Шуморо гӯё дар рӯ ба рӯям мебинам ва бо Шумо гарм-гарм сӯҳбат мекунам. Имрӯз каме таб доштам, мана он ҳам ба назарам паст шуд. Дар дил як қувваи тасаллибахш низ пайдо шуд, ки дар ин дам эҳтимол Шумо ҳам маро ба хотир меоред ё дар хоб

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо