Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

институт, ҳам дар хонааш. Аз ҳаёти адабии солҳои бистуму сивум ва фаъолияту хислатҳои шахсии адибони он солҳо нақлҳои аҷиб мекард, ки онро аз ҳеҷ китобу аз ҳеҷ кас нахондаву нашунида будам». [29, с.28].

Аз ин хотир, Р.Ҳодизода рӯзе ба Т.Зеҳнӣ таваҷҷуҳ намуда мегӯяд: «Домулло, шумо бисёр чизҳоро дида, дар бисёр маъракаву рӯйдодҳои таърихии ҳаёти мо ширкат кардаед. Нақлу ҳикояҳои аҷиб мекунед. Ин нақлҳо ҳама ҳуҷҷатҳои таърихиянд. Чӣ мешавад, ки ҳавсала карда, ҳамаи инро чун хотира таълиф ва тадвин намоед!». [29, с.28]. Зеҳнӣ хандиду: «Гапатон рост, ҳозир ин гапҳоро нависам мешавад, дигар бими ҳабс шудан надорам» [29, с.28] – гуфт дар ҷавоб.

Баъд аз ду-се сол Т. Зеҳнӣ Р.Ҳодизодаро дида гуфт: «Ҳодизода, ман ба навиштани хотираҳоям шурӯъ кардам. Ҳам ба назму ҳам ба наср менависам... Ниҳоят хурсанд шудам, як гӯшаи таърихи маданияти мо акнун зинда мешавад – ҳайф буд, ки бебозгашт бо Зеҳнӣ ба абадият равад. [29, с.28].

ПАС аз вафоти Т.Зеҳнӣ Р.Ҳодизода аз фарзандонаш хабардор мешавад, ки падарашон дафтари хотираҳо дорад, ки тақрибан 500 ё 600 саҳифа мебарояд: «Баъд аз вафоташ аз ворисон шунидам, ки дастнависи хотироти ӯ панҷсад ё шашсад саҳифа дар архиви шодравон мавҷуд аст. Ганҷинаи бебаҳое барои ворисонаш ва барои наслҳои оянда ба ёдгор гузоштааст, Зеҳнӣ - адиби донову заҳматкаш!». [29, с.28].

Вобаста ба ин, Р.Ҳодизода барои омода кардан ва оммавӣ гардонидани ёддоштҳои Т.Зеҳнӣ барои муҳаққиқони оянда чунин тавсия медиҳад: «Мо агар хоҳем, ки барои поси хотири Зеҳнӣ хизмате гузошта бошем, агар хоҳем, ки рӯҳи вай аз мо шоду розӣ бошад, ҳамаи корҳоро ба навбати дувум гузошта, дафтари

пешина
аз 315
навбатӣ