Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Зеҳнӣ нашри китоби вай «Санъати сухан» дар соли 1979 мебошад. Ин китоб шакли ниҳоят такмилёфта ва тасҳеҳу таҳрирёфтаи китоби якуми вай буд ва солҳои сол китоби дарсии мактабҳои олӣ ва дастури шавқмандони адабиёти тоҷикӣ буд. Зеҳнӣ китобро ба нишони синни ҳаштодупанҷсолагии худ таҳия намуда буд. Китобро пеши ман овард ба расми туҳфа. Табрик кардам». [29, с.27].

Назар ба қавли Н. Одинаев сарчашмаи асосие, ки барои гирдоварии «Санъати сухан» ба Т. Зеҳнӣ ёрӣ расонидааст, ин «Ғиёсу-л-луғот» мебошад: «Манбаи асосии асари «Санъати сухан»-и ӯ «Ғиёсу-л-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсиддин буда, шарҳи ағлаб истилоҳоти арӯз ва санооти бадеиро аз ин фарҳанги безавол дарёфтааст. [22, сомонаи интернетии «Фараж»].

Фарруха Зеҳнӣ фарзанди Т. Зеҳнӣ оид ба «Санъати сухан» чунин натиҷагирӣ намудааст: «Ин китоби пурарзиши олими арӯзшинос Т. Зеҳнӣ натиҷаи меҳнати чандсола ва ҷамъбасти мантиқии асарҳои адабиётшиносони гузашта мебошад. Аҳамияти китоби мазкур дар тарбияи завқи бадеии ҷавонон ва хусусан баланд бардоштани дониш ва маҳорати суханварон ниҳоят бузург аст». [29, с.144-145].

Баробари таълифи китоб ва таҳқиқи масъалаҳои муҳими забону адабиёти тоҷик, Т. Зеҳнӣ бо мақолаҳои илмӣ ва адабӣ дар мавзуи забону услуб дар маҷаллаву рӯзномаҳо ширкат менамуд.

Ба гуфтаи Р. Ҳодизода Т. Зеҳнӣ бо ӯ ҳамсуҳбати доимӣ буд. Нақлҳое аз Т. Зеҳнӣ мешунид, ки дар ягон сарчашма дучор нашуда буд. Ба воситаи суханони Т. Зеҳнӣ Р. Ҳодизода оид ба зиндагӣ ва фаъолияти шахсиятҳои адабии солҳои бистуму сиюм маълумоти зиёд пайдо намуд: «Бо ман бисёр суҳбат мекард, ҳам дар

пешина
аз 315
навбатӣ