Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамроҳи ҳамкорони ҷавон ва ҷӯраҳо хона ба хона гашта, доир ба сиёсати ҷорӣ кори ташвиқоту тарғиботи мебурдем” — гуфтанд он кас дар ҷавоб.

Воқеан, нахустин мақолаи Расул Ҳодизода “Тадқиқоти илмии Садриддин Айнӣ оид ба таърихи адабиёти тоҷик” соли 1950 дар шумораи ҳаштуми маҷаллаи “Шарқи сурх” чоп шуда буд. Ин мақола дар асоси рисолаи дипломии ӯ, ки бо роҳбарии А.Болдирев дар хатми факултети шарқшиносии Университети давлатии Осиёи Миёна навишта буд, таълиф шудааст. Тарҳи рисоларо худи устод Айнӣ дида, маъқул дониста буд. Дар рафти таълифи он ҳар боре ки устод ба Тошканд ба дидани духтараш Холида, ки аспирант буд, меомад ва ё Ҳодизода ба Самарқанд назди падару модар рафта, ба аёдати устод низ медаромад, аз ҳолати он пурсуҷӯ мекард. Рисолаи дипломии Расул Ҳодизода ба довар – оппоненти расмӣ, олими ҷаҳонӣ А.Семёнов ва комиссияи имтиҳони давлатӣ хеле маъқул шуд. Ба он баҳои “аъло” гузоштанд. Таҳрири охиринро низ устод Айнӣ дида, писандид. Як сабаби аспирант шудани Расул Ҳодизода низ ҳамин кори дипломии ӯ буд. Ректори Университет профессор Султон Умаров, ки баъдтар, пас аз даргузашти Садриддин Айнӣ дуюмин президенти АИ Тоҷикистон интихоб шуд, аз мутолиаи рисолаи дипломии хатмкунандаи университети худ қаноатманд гардида, ӯро ба аспирантура момонд. “Аммо инро устод Айнӣ шунида, розӣ нашуданд, – нақл мекард Р.Ҳодизода. — Модом ки таърихи адабиёти тоҷикро омӯхтаӣ бошед, ба маркази маданияту адабиёти Тоҷикистон равед, бо аҳли илму адаби он ҷо шинос шавед, дар ҷараёни корҳои ҳаррӯзаи онҳо иштирок кунед, дар он сурат як кадри даркорӣ шуданатон мумкин аст, гуфтанд ва худашон бо Умаров гапзанон карда, ҳуҷҷатҳои маро ба Сталинобод интиқол доданд. Он вақтҳо бо ташаббуси домулло Ғафуров бисёр

пешина
аз 315
навбатӣ