Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳодизода бо ин қонеъ нашуда, аз мудири аспирантура мактуб гирифта «ба сифати шунавандаи озод дар факултети фалсафаи Университети давлатии Москва ба номи Ломоносов курси пурраи «Таърих ва назарияи эстетика»-ро омӯхт, ки онро профессори машҳур Динник дарс медод. Бар замми ин ӯ ба сифати иштирокчии фаъоли семинари умумишаҳрии назди Донишгоҳи Москва «Аз таърихи адабиёти Ғарб», ки дар он профессорон С.Мокулский ва А.Анникст оид ба адабиёти асрҳои XVIII-XIX Ғарб лексияҳо мехонданд, як соҳаи нави адабиёти ҷаҳониро барои худ кашф мекард. Машғулиятҳои ин маҳфил ниҳоят шавқовар мегузашт. Вале аз тамоми ҷараёнҳои адабиёти дусадсолаи араб, ки пур аз мактабҳои мутақобилу мухталиф аст, барои Ҳодизода ҷараёни маорифпарварӣ завқбахштар буд. Бо вуҷуди дурӣ аз Шарқ ва тафовути замониву маконии аҳдофи маорифпарварони кишварҳои гуногун, ғояҳо ва шаклҳои амалӣ гардондани онҳо ба ҳам қаробате доштанд.
«Ман солҳои аспирантиам мухлиси ашаддии театр будам, қариб тамоми намоишномаҳои Театри калони СССР, МХАТ ва Театри хурдро дида будам, гоҳо ба театри сатира ва оперетта ҳам мерафтам, дар қасрҳои гуногун консертҳо тамошо мекардам, лаззате ки бори аввал дар толори бузурги ба номи Чайковский Консерваторияи Москва аз шунидани мусиқии Бах, ки онро оркестр, хори бачаҳо ва солист иҷро мекард, гирифта будам, ҳеҷ аз димогам намеравад», — нақл карда буданд боре муаллим, вақте ки мо чанд нафар мусофирони тоҷикро дар Москва бо таклиф ба шаби мусиқӣ бурданд. «Шояд он вақтҳо дар Москва барои тоҷикбачаҳо ошпазиву ошхӯрӣ расм набуда» — гуфтам ман ба шӯхӣ. «Ин расм буд, аммо ба кору фаъолият халал намерасонд. Ман шахсан агитатор будам, лектор будам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё