Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
тоҷикони соҳаҳои илму адабиёт ва ҳунару санъат, ҳамчунин тоҷикшиносони варзида, ҷавонони умедбахш аз республикаҳои дигар ва Москваю Ленинград ба Душанбе оварда шуда буданд”. Азбаски дар пойтахти Тоҷикистон он солҳо муҳити илмӣ носолим буда, рақобати байни мансабҷӯёни илми филология қувваҳои илмии бе он ҳам заифро заифтар мекард, бо маслиҳати худи устод Айнӣ, ки расман роҳбари илмии Расул Ҳодизода таъйин гардида, бо маслиҳатҳои муфид тарҳи рисолаи номзадии ӯро кашида буд, Расул Ҳодизода ба Москва рафта, рисолаи номзадиро дар мӯҳлаташ анҷом дод ва соли 1954 баробари тамоми шудани муҳлати аспирантура дар шӯрои илмии Институти шарқшиносии АИ СССР рисолаи худро дар мавзӯи “Манбаъҳои омӯзиши адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX” дифоъ намуд.
Дар тӯли чаҳор соли аспирантура, ки қиссааш нақл шуд, баробари фаро гирифтани донишҳои нав ва камолоти маънавӣ ин ҷавони мустаид ба мардуми хонанда ва аҳли илм худро чун адиб шиносонд. Мақолаҳои илмиву адабӣ ва танқидии ӯ “Горкий ва адабиёти тоҷик”, “Иди адабиёт ва санъати ӯзбек”, “Повест дар бораи қувваи ҷавонӣ” ва ғайра, ки дар маҷаллаи “Шарқи Сурх”, алманахи “Литературний Таджикистан”, газетаи “Тоҷикистони сурх” ва рӯзномаи “Коммунист Таджикистана” чоп шуда буданд, аз маданияти баланд, дониши фаровон, ҷасорат, ташаббус ва маҳорати адабиётшинос ва мунаққиди ҷавони фозиле дарак медоданд. Аз он мақолаҳо маълум мешуд, ки диққати муҳаққиқро ҳам масъалаҳои адабиёти пешазинқилобии тоҷик, хусусан ҷараёнҳои пешқадами он, ҳам эҷодиёти ҳамнаслҳои ҷавонаш М.Фарҳат, П.Толис, Ғ.Мирзо, Ф.Тошмуҳаммадов, ҳам проблемаҳои маданияти нутқ ва вазъияти театр ба худ ҷалб мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё