Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро супорид: «Тӯракул Зеҳнӣ аз оғози фаъолияти худ мисли аксари равшанфикрондар майдони васеи маданияти мо хизмат мекард. Шеър менавишт, мақолаҳои тарғиботиву илмӣ чоп мекард, дар мактабҳои нав дарс медод. Аз ҷавонӣ дасти ёриву мадади Айниниро ҳис кард. С.Айнӣ ӯро ба корҳои иловагию техникии худаш дар таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» ҷалб кард ва ба ҳамин восита Зеҳнӣ аз мактаби хубу пухтаи адабӣ гузашт». [29, с.24].

Бале, шахсе, ки дар сароғози адабиёти навини тоҷик шеърҳои тарғиботиву ташвиқотӣ эҷод намуда, мақолаҳои фаровони илмӣ дар соҳаи забон, адабиёт, мусиқиву фолклор, луғатсозӣ ва фарҳанги мардум таълиф карда, барои пешрафти маориф китобҳои дарсӣ таҳия менамуд, дар мактаби илмиву адабии С.Айнӣ тарбият ёфтааст.

Таҳаввулоти солҳои бистум ва сиюми садаи бист аз як тараф, таъсир пазируфтану тарбият ёфтан дар мактаби адабии С.Айнӣ аз тарафи дигар, вежагиҳое буданд, ки Т. Зеҳнӣ истеъдоду қобилият ва иқтидори адабии хешро сайқал диҳад.

Р. Ҳодизода дар он вақте бо Т. Зеҳнӣ ошно мешавад, ки ӯ пас аз маҳбусии туҳматшуда озод гардид ва ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон ба кор омад: «...Худро шиносондам. Гуфт, ки маро ғоибона мешиносад. Садоямро, шеърхониямро аз радиои Тошканд бисёр шунидааст. Дар Институт гоҳ-гоҳ мулоқот мекардем». [29, с.25].

Пеш аз он ки Р. Ҳодизода бо Т. Зеҳнӣ расман шинос шавад, маълум мегардад, ки падари ӯ бо Зеҳнӣ ошнои наздик будаанд. Чанде пас аз шиносоӣ замоне ки падари Р. Ҳодизода дар хонаи фарзанд меҳмон мешавад, Т. Зеҳнӣ низ даъват мегардад. Аз ин хотир, то нимашаб байни

пешина
аз 315
навбатӣ