Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
онҳо суҳбати дӯстона сурат гирифтааст: «Чӣ суҳбате буд он шаб! Тамоми таърихи гузаштаи мо, тамоми шахсони фавтидаву дар ҳабсу табъид нобудшуда зинда гаштанд, саҳифаҳои таърих паси ҳам варақгардон мешуд. Ду шахси солҳои гузашта аз тундбоди террор сиҳату саломат монда ба шукрона суҳбат мекарданду ёди рафтагон надашон ҳозир буд».[29, с.26].
Р.Ҳодизода қайд кардааст, ки Т.Зеҳнӣ дар шуъбаи луғат кор мекард ва дар шарҳу маънидод кардани калимоту ибороти мушкилфаҳм мушкилкушои ҳама буд: «Зеҳнӣ бештар дар хона барои шуъбаи луғат кор мекард». [29, с.25]. «Худ дар шуъбаи луғат дар тадвини фарҳанги забони классикии тоҷикӣ иштирок мекард, дар шарҳу тафсири ибороту калимот мушкилкушои ҳама буд». [29, с.27].
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ оид ба саҳми Т.Зеҳнӣ дар тадвини «Фарҳанги забони тоҷикӣ» сухан ронда, аҳамияти онро дар худшиносии таърихиву фарҳангӣ ва худогоҳии миллии мардуми тоҷик ниҳоят бузург меҳисобад: «Қариб ними китоби бузурги «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чакидаи қалами Зеҳнист. Ин фарҳанг омили муҳимиме дар худшиносии таърихиву фарҳангӣ ва худогоҳии миллии мардуми тоҷик гардид. Тӯрақули Зеҳнӣ дар таълифи чунин асари бузург, ки на танҳо ҳаҷман калон аст, балки дар таърихи тозаи забони миллӣ ва рушди маънавияти миллат рисолати таърихӣ доштааст, саҳми босазо гузошта буд».[18, с.6].
Т.Зеҳнӣ дар тадвини «Фарҳанги забони тоҷикӣ» кӯшиш кардааст, ки забони тоҷикӣ барои мардум фаҳмо ва дастрас бошад. Ӯ барои содаву равон нигоҳ доштани забони адабии тоҷик ва озод намудани он аз калимаву ибораҳои бегона чунин мегуфт: «Бояд акнун забони мо аз

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо