Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, Мирзо Сироҷ ва дигарон буданд. Дар аввали солҳои бистуми асри XX дар атрофи ин маърифатҷӯён ва тараққипарварони таҷрибадида гурӯҳи калони зиёёни ҷавони тоҷик ҷамъ омаданд, ки бо роҳнамоии устодони худ барои ташаккулу равнақи маданияти нави тоҷикон хизмати бедареғ намудаанд. Дар сафи зиёёни нави тоҷик ҷавонмарди самарқандӣ Тӯрақул Зеҳнӣ ҳам буд.

Тӯрақул Зеҳнӣ адабиётшинос, забоншинос, фолклоршинос, шоир, мутарҷим, ходими намоёни адабиёту матбуот ва фарҳанги тоҷик мебошад. Ӯ истеъдоди фитрӣ, дониши амиқ, қобилияти баланди эҷодӣ ва назари густурдаву фароҳро доро буд. Заҳматкашиву пуркорию бисёрфаннӣ дигар аз сифатҳои ин адабмард аст.

Р. Ҳодизода бо Тӯрақул Зеҳнӣ аз наздик ошно буд. Ӯ аз ҷумлаи нафаронест, ки аз зиндагӣ ва фаъолияти илмию адабии ин адабмард бевосита огоҳ буда, андешаҳои ҷолиби диққат оид ба Зеҳнӣ баён кардааст.

Дар ин мақола андешаҳои Р. Ҳодизода оид ба Тӯрақул Зеҳнӣ, ки дар рушди маънавият ва маданияти нави тоҷик саҳми намоён гузоштааст, мавриди арзёбӣ қарор мегирад.

Андешаҳои Р. Ҳодизода нисбат ба Т. Зеҳнӣ паҳлуҳои илмиву эҷодӣ ва ҳаётии эшонро фаро гирифтааст. Т. Зеҳнӣ воқеан ҳам яке аз равшангарони рӯзгори маънавии халқи тоҷик, инсони меҳнатдӯсту хоксор, донандаи беҳамтои забон, адабиёти гузаштаву навин, эҷодиёти шифоҳии халқ ва луғатдону фарҳангнигори камназир будаанд.

Аз назари Р. Ҳодизода Т. Зеҳнӣ ба ҳайси шогирди бовафо ва дастёр ба С. Айнӣ наздик буд. Ин буд, ки устод Айнӣ эътимод намуд ва ба ӯ корҳои иловагию техникии

пешина
аз 315
навбатӣ