Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

натанҳо дар доираи адабиёти асри XIX ва XX, инчунин дар бораи аксари намояндагони адабиёти классикӣ саҳм гузоштааст, ки ин кори чандон саҳлу осон набуда, кори бисёр заҳматталаб аст. Ва дар натиҷаи заҳматҳо ва ҷустуҷӯҳои анҷомдодааш ҳосиле ба даст оварда, барои ояндагон мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштааст. Устод Ҳодизода аз тақдири худ қонеъу розӣ буд. Дар охир мехоҳам суханони худро бо ҷумлаҳои худи устод тақвият бахшида, мақолаамро ҳусни анҷом бахшам, ки эшон гуфта буд:

«Хулосаи калом ин аст, ки аз неъмати қазову қадар ва тақдиру сарнавишт қонеъ ва дар ризо ҳастам, ки маро дар ҳалқаи одамони нексирату некхоҳу некбин ва хайрхоҳу ҳайрандеш андохт ва аз дидори «ёрони номутаносиб» дур медошт ва агар тақаррубе ба ин қавм пеш ояд, тавфиқе ато мекард, ки аз онҳо доманкашон гузарам.»29

Рӯҳи устод шоду хонаи охираташон обод бошад!

Абдулҳаев З.М.

РАСУЛ ҲОДИЗОДА ОИД БА САҲМИ ТӮРАҚУЛ ЗЕҲНИ ДАР РУШДИ МАЪНАВИЯТ ВА МАДАНИЯТИ ТОҶИК
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Номҳое ҳастанд, ки бо таърихи ба вуҷуд омадани маданият ва ҳаёти навини мардуми тоҷик иртиботи бевосита доранд. Дар сархати чунин номҳо С. Айнӣ ҷой дорад. Ҳамсафони ин симои дурахшон дар ибтидои асри XX Абдулвоҳиди Мунзим, Аҳмадҷон-махдуми Ҳамдӣ,

29 Ҳамон ҷо, саҳ. 351.

пешина
аз 315
навбатӣ