Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
ин ҳама таблиғи хислати нек ва таҳрими зиштиҳои ғайбату суханчинӣ аз Каломуллоҳ маншаъ гирифтааст.25
-
Ғайбат ва махсусан ғайбате, ки ба манзури таҳрик ба иқдоми ниқоргирӣ назди ман оғоз мекарданд, шуниданаш бароям қароҳатангез буд ва то метавонистам сухани ғайбатпешаро зуд қатъ намоям ва агар мавриде бошад ба панду насиҳаташ пардозам.26
-
Инсон бояд кӯшад, ки покиву софии асли худро нигаҳ дорад, хислатҳои зишт ва кирдорҳои ношоистаро аз беху бун дур созад. Яъне некиву бадии инсон ба дасти худи вай аст.27
Расул Ҳодизода ин ҷумлаҳоро на фақат барои хонанда, балки дар асоси он гуфтаҳо риояи онҳоро нисбат ба худ низ муҳим медонист. Худ низ андешаҳои некро дар сар мепарвариду аз амалҳои зишт дурӣ меҷуст. Ӯ дар соатҳои андешаву тафаккур зиндагии сипаришудаашро ба ёд оварда, ба таҳлилу танқеҳи шахсии худ мегузарад ва ба худ суол медиҳад, ки: «Оё зиндагӣ бар ҳадар нарафтааст, оё дар ҳаққи касе ноинсофию беадолатӣ ва ҳатто бадӣ накарда бошам, оё ҳадди худро ҳамеша дониставу санҷида амал карда бошам, оё барои суди худ ва унвон дасти тамаъ дароз кардаву сари силамуштоқӣ ҳам накарда бошад?»28
Хушбахтона устод Расул Ҳодизода сарбаландона бидуни тамаъ то охири умр ҷавонмардона зистааст. Ӯ барои миллату ҷомеа то лаҳзаи охири ҳаёт амалҳои хайр анҷом додааст. Барои амалӣ гаштани орзуи устод Айнӣ, ки омӯзиши мероси Аҳмади Донишро ба ояндагон ташвиқ менамуд, сӣ соли умри худро сарфи таҳқиқ намудааст, то рӯҳи устод Айнӣ розӣ бошад. Мавсуф
25 Ҳамон ҷо, саҳ. 357.
26 Ҳамон ҷо.
27 Ҳамон ҷо, саҳ. 361
28 Ҳамон ҷо, саҳ. 365

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо