Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Навиштаҳои устод Ҳодизода дар баробари таҳқиқоти илмӣ доштан инчунин оҳанги тарбиявӣ низ доранд. Суханони пандомӯзонаи устод, ки аз таҷрибаи ҳаёти худ мегӯяд, мехоҳад барои ҷавонони навроҳ ва таҷрибаи зиндагинадошта ибрате бошад. Ин суханон барои ҳар хонанда таъсиргузор буда, бенатиҷа намемонад. Мехоҳам чанде аз он ҷумлаҳои устодро ин ҷо барои намуна пешкаши хонанда гардонам:

  • Некбинӣ, нафаси нек ва боварӣ ба кушоди кор ва тавфиқу комёбӣ шахсро дар ҳаёт далеру зиндадил мекунад ва ӯро ба иқдомҳои судманду ҷасурона барои манфиати ҷомеа ва хайри мардум раҳнамун мегардад. Инро дар ҳаёту фаъолияти худ санҷида ва дидаам, бинобар ин ба ҷавонони саодатманд ва шахсони пандпазир ин роҳи дурахшонро тавсия ва таблиғ мекунам.23

  • Барои инсон ҳасуд ва ғайбату суханчинӣ балои азим аст. Ҳасуд ангезаи бадӣ ва хиёнат ба шахсу ҷомеа аст. Вақте ки фарде ба шахси муваффақ дар кору зиндагӣ бе ҳеҷ сабаб ҳасуд мепарварад, дур нест, ки аз ин ҳасаду буғзу кина ба бадкорӣ дар ҳаққи он фард қадам мегузорад ва ин кирдори зиштро ҷуз хиёнат ба амали дигар ҳамл намудан душвор аст. Ин хислати зишт на танҳо дар рӯзгор ва осори аҳли ирфон, балки умуман дар адабиёти классикии мо мавриди маломат ва мазаммати сахт гардидааст.24

  • Кинаварӣ, гумони бад, кунҷковӣ дар аҳволи касон ва сипас суханчиниву хабаркашӣ низ аз хислатҳои зишт аст, ки дар осор ва гуфтори аҳли тасаввуф ва умуман адибони классики мо мазаммат шудааст. Шакке нест, ки

23 Ҳамон ҷо, саҳ. 356.
24 Ҳамон ҷо.

пешина
аз 315
навбатӣ