Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

омӯзиши давраҳои таҳқиқнашудаи ин аср машғул шуда, дар натиҷа аввал рисолаи номзадии худро зери унвони «Маъхазҳои омӯзиши адабиёти тоҷик дар ними дувуми асри XIX» (1954), баъд аз ин барои гирдоварии мавод дар бораи Аҳмади Дониш берун аз кишвар - ба Русия сафар карда, дар натиҷа рисолаи доктории худ дар мавзӯи «Аҳмади Дониш ва адабиёти маорифпарварии тоҷик»-ро соли 1967 дифоъ мекунад. Устод сӣ соли умри худро ба таҳқиқи мероси Аҳмади Дониш сарф кардааст. Барои тасдиқи гуфтаҳоямон аз навиштаи худи устод иқтивос меорем:

«... Ба маънии ин нома имрӯз ба диққат тааммуқ намудам. Маълум мешавад, ки устод танҳо барои олими комил шуданам ғамхорӣ накардааст. Балки вай умеде доштааст, ки барои миллатамон дар хидмат ҳамсафи пешқадамони зиёиёнамон бошам. Агар дар фикри худ хато накарда бошам, тибқи умеди устод ҳар чи дар доираи қудрату тавонам буд, барои миллатамон хидмате карда тавонистам. Илова бар ин барои амалӣ гаштани орзуҳои устод, ки аз сӯҳбату осораш дармеёфтам, низ саҳме гузошта тавонистам. Устод маро ба омӯхтани адабиёти қарни 19 ва ибтидои асри 20 ҳидоят намуд. Ин корро иҷро кардам. Устод симои Аҳмади Донишро бузург медошт ва ояндагонро ба омӯзиши ин бузургвор ташвиқ менамуд. Ман сӣ соли умри худро ба омӯзиш, таҳқиқ ва бозёфтани мероси Аҳмади Дониш сарф кардам ва ҳосиле низ бардоштам, ки рӯҳи устод қонеъу розӣ бошад. Устод вазифа гузошта буд, ки забони адабии худро такмил диҳам ва дар риояи тозагии забон барои дигарон намуна бошам. Аз аввал то имрӯз саъйи ман дар такмилу тазкияи забони худ сарф шудааст ва бо мақолаву тарғибот барои покизагии забонамон мекушам».22

22 Ҳамон ҷо, саҳ. 306.

пешина
аз 315
навбатӣ