Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Устод Расул Ҳодизода тақризеро, ки Бертелс дар Шӯрои илмӣ дар бораи рисолааш навишта буд, хонда, аз суханҳои неки шарқшиноси барҷаста – Бертелс ёдовар мешавад, ки ин шаҳодат аз баҳои хубе аз ҷониби чунин як донишманди машҳур ба кори илмии устод метавонад бошад:

«... Ҳақиқат он аст, ки то имрӯз агар истиснои камеро ба назар нагирем, касе майл nakapd, ки ба омӯзиши ин тазкираҳо машғул гардад... Рафиқ Ҳодизода ба ӯҳдаи худ заҳмати ба фикрам ниҳоят мушкилеро гирифтааст, заҳмати мушкил аз он сабаб аст, ки вай тадқиқи тазкираҳои то имрӯз омӯхта нашударо ба зимма гирифтааст... Фақат он касе ки боре бо чунин кор машғул шудааст, медонад ки ин таҳқиқот чӣ андоза таҳаммулу бурдбориро тақозо мекунад».20

Устод Ҳодизода, ки дифои рисолаҳои илмиро на фақат василаи ба дараҷаи номзадӣ расидани як шахс, балки «дар ҳаёти илмии ҷомеа воқеаи калони дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» медонист, аз корҳои илмии сустбунёд бо оҳанги таассуф менависад: «Барои ман, ки дар чунин суннатҳо тарбия ёфтаам, имрӯз хеле сахт аст, ки дараҷаи илмии рисолаҳо ниҳоят паст шудааст. Ин ҷониб дар ду-се соли ахир бо вуҷуди машғулиятҳои зиёд ва сиҳҳатии на чандон хуб дар ин ҷода сарварӣ намуда, саъй мекардам, ки пеши роҳи сели корҳои сустбунёди илмиро гирам. Аммо нашуд!»21

Тавре ки мебинем, устод Садриддин Айнӣ шогирди бисёр ҷавону соҳибзавки худ, Расул Ҳодизодаро бо маслиҳат ва роҳнамоиҳои ғамхоронаву падаронааш ба таҳқиқ ва омӯзиши адабиёти асри XIX ва XX ҳидоят менамояд. Мавсуф баъд аз маслиҳатҳои устод ба

пешина
аз 315
навбатӣ