Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
охирини фан расидам. Аммо барои ба як кор қадами қатъӣ гузоштан захираи муайяни илмӣ лозим аст. Инак, ҳамин захира ба ман камӣ мекард, ки ҳамеша кӯшиш доштам онро пас аз таҳсили аспирантура дар муддати хеле кӯтоҳ ба вуҷуд оварам. Нақшаи ман дар аввал он буд, ки соли аввал аз Институти Самарқанд дарс гирифта, дар зимни ин кор нормаи Институти Сталинободро низ иҷро кунам ва аз зиндагонии осоиштаи Самарқанд истифода намуда, бештар мустақилона машғулот гузаронам. Зеро дар Сталинобод кас ё ба сабаби тангии иқтисодӣ ё бештар ба хоҳишу супориши дӯстон бо корҳои дигар машғул шуда метавонад. Дар натиҷа кас бо ҳамон илм, бо ҳамон дараҷаи донише, ки дорад, мемонад...
Дар бораи забони тоҷикиам фикри шумо хеле ва хеле дуруст аст. Ман ин камбудӣ ва камқувватиамро бештар дар вақти навиштани ягон мақола ҳис мекунам. Гӯё худ аз худ шарм мекунам, ки қариб ба синни сӣ расидаам ва то ҳол на ба забони тоҷикӣ як услуби равон ва саҳеҳ дорам, на ба забони русӣ бехато чизе навишта метавонам. Ба назарам, ин пеш аз ҳама аз кам хондани асарҳои классикон аст. Дар вақти ҳозира роҳи бартараф намудани ин камбудиро муайян накардаам. Дар ин хусус бояд дурусттар фикр кард. Ин камбудиро низ дар муддати кӯтоҳ бартараф намудан лозим аст...
Дигар саломатии худам ҳоло дуруст аст. Пас аз мудофиа 15 рӯз аст, ки бо ҳеҷ кор машғул нашуда, истироҳат карда гаштаам, то андозае нафас рост кардем. Ба шумо саломатӣ орзумандам.
Бо салому эҳтиром Расул Ҳодизода Москва, 19/IV-54. Имзо»19
19 Дастнависи Бойгонии осорхонаи Айнӣ, №1230/70 (хуруфи форсӣ, забони тоҷикӣ).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо