Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ба услуби асари ин нависандаи америкой бо номи “это я, Господи!” монанд аст”.13

Охири соли 1978, ҳангоме ки устод азми навиштани роман дар бораи Аҳмади Донишро кардааст, меандешидааст, ки онро чӣ гуна бояд шурӯъ кунад, то таваҷҷӯҳи хонандаро ҷалб карда тавонад. Яъне ӯ дар андешаи шитобкорона китоб навиштан ва зиёд кардани шумори онҳо не, балки дар андешаи чӣ гуна шурӯъ кардан ва завқи хонандаро ба воситаи онҳо бедор кардан буд. Албатта, пӯшида нест, ки на ҳар кас нависандаи хуб шуда метавонад ва на ҳар китоб хонандаи зиёд дорад. Барои як китоби хубу хонданӣ навиштан ё асаре эҷод кардан заҳмати зиёд мебояд кашид, то хонандаи худро пайдо кунад. Асарҳои устод Ҳодизода чунон навишта шудаанд, ки ба қавли эшон “мисли мақнотис” хонандаро ба худ ҷалб мекунанд. Устод Ҳодизода дар мавриди сар кардани роман дар бораи Аҳмади Дониш чунин андешаро дар сар доштааст:

«... Романро сар кардан лозим аст. Сатри аввалин унвони нахустинро бояд аз куҷо оғоз намуд. Намедонистам, ки ба чунин мушкилот рӯ ба рӯ мешавам. Аз куҷо шурӯъ намудан лозим аст, ки ҳамчун мақнотис хонандаро зуд ба худ ҷалб намояд ва ҳам дебочай рамзии китоб бошад.»14

Устод вақтро бисёр ғанимат мешумурд ва бекор нишастанро ба худ салоҳ намедид, ҳатто дар вақти таътил ҳам мехостааст ба коре машғул бошад. Аз қавли ӯ, ки мегӯяд: «Соли аввали таҳсили донишгоҳ ба охир расид. Дар пеш ду ним моҳ таътил буд. Ин муддати дарозро дар Самарқанд дар бекорӣ гузаронидан аз рӯи салоҳият

пешина
аз 315
навбатӣ