Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
набуд. Чанд вақт пеш устоди забони арабӣ-ам хонум Бетгер пешниҳод кард, ки дар вақти таътил дар Институти дастнависҳои шарқии Академияи улуми Ӯзбекистон ба ҳайси лаборант кор кунам, шояд барои ояндаи корҳои илмӣ таҷрибае ҳосил гардад. Ба ин пешниҳод розӣ шудам – таҳти роҳбарии директори Институт профессор Александр Александрович Семёнов кор кардан шарафи бузурге буд.»15
Эшон илму донишро аз пулу мол дида муҳимтар медонистанд. Аз ин рӯ: «... Ба ман ҳар моҳ 2000 ё 3000 кор карда, аз хондан дур шудан чӣ лозим? Бигузор ҳазор сӯм ё якуним ҳазор сӯм кор кунаму хондани нормалии худро давом диҳам» – гуфтааст устод.16
Устод Ҳодизода дар аввал ба ғазалиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, мехостааст онро чун мавзӯи рисолаи номзадӣ интихоб кунад: «Он вақтҳо майли он доштам, ки ғазалиёти Ҷомиро мавзӯи рисолаи номзадӣ интихоб кунам. Бинобар ин куллиёти Ҷомиро чанд рӯз ба диққат хонда баромадам».17
Рӯзе фурсат ёфта, барои ҳаллу фасли корҳои аспирантӣ – муайян намудани мавзӯи рисолаи илмиаш ба назди устод Айнӣ рафта, арз мекунад, ки муддатест ба хондани девони Ҷомӣ машғул асту мехоҳад таҳқиқи ғазалиёти ӯро мавзӯи рисолаи номзадӣ қарор диҳад. Аммо устод Айнӣ ба ӯ чунин маслиҳат медиҳад:
«– Барои омӯхтан ва таҳқиқи Ҷомӣ таҷрибаи илмии шумо камӣ мекунад. Шумо бо омӯхтани адабиёти асри 19 тоҷик машғул шавед. Ин кор барои шумо мувофиқ ва барои илм зарур аст. Маслиҳати ман ин аст, ки корро аз омӯзиши тазкираҳо сар кунед. Дар вақти таълифи
15 Худоё, худро бишносам, саҳ. 82.
16 Ҳамон ҷо, саҳ. 109.
17 Ҳамон ҷо, саҳ. 174.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо