Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
«... Яке аз дабирони Иттифоқ Николай Семёнович Тихонов бозсозии сохтори Комиссия ва аз нав барқарор намудани фаъолияти онро ба ӯҳда гирифтааст. Дар оғози кор Комиссия бояд аз ҳар ҷумҳурӣ намоянда – мушовир дошта бошад.
Ин комиссия ба манфиати адабиётҳои миллӣ кор хоҳад кард. Мо дар нақша дорем, ки асарҳои беҳтарини тоҷикӣ ба забони русӣ ба қалами тарҷумонҳои забардаст тарҷума шуда, дар миқёси Иттифоқ ва ҳатто дар хориҷа ҳам интишор ёбад. Ба ҷуз ин асарҳои классикони адабиёти тоҷикро бештару беҳтар тарҷума кунем. Барои ин робитаҳои адабии республикаҳо ва адибони ҷудогонаро васеътари мустаҳкамтар кардан лозим аст. Ба ҳамин манзур ба Комиссия шоири номдору арбоби ҷамъиятӣ Тихонов роҳбарӣ мекунад. Тихонов хоҳиш намуд, ки ба ҳайси мушовири адабиёти тоҷик адабиётшиноси хуберо аз Тоҷикистон тавсия кунам. Ба назарам, шумо аз ҳар ҷиҳат ба ин кор муносиб ва мувофиқ ҳастед...»12
Фаридун Ҳодизода – писари устод Ҳодизода, дар як мусоҳибааш дар мавриди фикри навиштани китоби “Худоё худро бишносам” ва таъсирпазирӣ аз китоби нависандаи амрикоӣ мегӯяд:
“... фикри навиштани ин китоб охири солҳои 2000-ум ва аввалҳои соли 2001-ум ба миён омада буд. Бисёр андеша мекарданд, ки композисияи китобро чӣ гуна созанд. Дар робита ба ин чандин асарҳо ва хотираҳои дигар нависандагонро хонда буданд. Ва он чизе, ки ба падарам бештар таъсир кард, ин асари Рокуэлл Кент буд ва агар диққат диҳед, услуби навишти “Худоё, худро бишносам”

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ