Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
худро бишносам”, асари динӣ-маърифатӣ ва ирфонии “Ҳафт гуфтор дар бораи Қуръони Маҷид”, қиссаи “Мансури Ҳаллоҷ” мебошад.
Мо донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики солҳои 1987-1992 бо шавку завқи тамом бо ҳидояти устодони донишгоҳ асарҳои илмӣ ва бадеии устод Расул Ҳодизодаро ба дидагони худ молида мутолиа мекардем ва ҳарисона ба дӯконҳои китобфурӯшию китобхонаҳои шаҳр мешитофтему мунтазири асарҳои нав ба нави ин устоди пурзаҳмату нодиракор ва рӯшангари дунёи маънавимон будем.
Устод Расул Ҳодизода ҳамчунин муаллифи пьесаҳои “Бахт дар чист?” (1978) ва пьесаи таърихии “Маздак” (1980) низ мебошанд.
Дар романи бузурги таърихии устод Расул Ҳодизода “Ситорае дар тирашаб” (1983) воқеаҳои муҳими таърихию иҷтимоии асри XIX ва фаъолияти адабию ҷамъиятӣ, динию маърифатӣ ва маорифпарварии Аҳмади Дониш хеле воқеъбинона ва олӣ инъикос гардидаанд. Аксари асарҳои илмӣ ва повесту ҳикояҳои устод Р. Ҳодизода ба забони русӣ тарҷума ва нашр гардидаанд.
Устод Р. Ҳодизода бо ҳама он машаққатҳои таҳқиқӣ дар илми адабиётшиносӣ ва эҷоди асарҳои бадеиашон нигоҳ накарда асарҳои зиёди бузургони адабиёти хориҷӣ ва русро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардаанд. Аз ҷумла “Хотираҳои шикорчӣ” ва “Арафа”-и И. С. Тургенев, “Рӯзи охирини маҳкум”-и В. Гюго ва ғайраро бо сабку услуби мовароуннаҳрии тоҷикии хеле зебо тарҷума кардаанд. Инчунин дар замони шӯравӣ дар тарҷумаи асарҳои В. И. Ленин иштирок намуда, ҳамчунин дар таҳриру такмили асари энциклопедии 8-ҷилдаи “Энциклопедияи советии тоҷик” фаъолона ширкат намудаанд. Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё