Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
маърузаҳои илмӣ оид ба таърихи адабиёт, таърихи дину фарҳанг, масоили илмии ба адабиётшиносӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ оид боқӣ мондаанд, ки номи эшонро то ба ҷовидон зинда медоранд.
Доираи фаъолияти илмии устоди аллома Расул Ҳодизода хеле фароҳу пурсамар аст, ки аз тафаккури баланду донишу биниши фавқулода аҷиб доштани эшон дарак медиҳад. Аз ҷумла таълифи як қисмати “Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ” (1966) ва баъзе бобҳои “Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII-XIV” (қисмҳои 1-2, 1976-1983) ба қалами устоди арҷманд Расул Ҳодизода тааллуқ дорад.
Хизмати устод Расул Ҳодизода дар таҳия ва нашри интиқодию оммавии мероси классикӣ хеле назаррас аст. Аз ҷумла асарҳои мондагори эшон ба мисли: “Асарҳои мунтахаб” (1959), “Ҳикоятҳои халқӣ дар “Маснавӣ”-и Румӣ” (1963), “Дафтари дилкушо”-и Соиб (1965, ба забони русӣ), “Калила ва Димна” (1966), “Девон”-и Анварӣ, “Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ” (1984, ба забони русӣ) ва ғайра бо сарсухану тавзеҳот ва мулҳақоти эшон нашр шудаанд.
Дар баробари муҳаққиқи варзидаи риштаи адабиётшиносӣ буданашон устод Расул Ҳодизода шурӯъ аз солҳои 60-уми асри гузашта ба эҷоди асарҳои бадеӣ пардохта, ба мавзӯъҳои таърихӣ (маҷмӯаи “Танбӯри дилкаш”, 1966) ва муосир як силсила ҳикоёти хеле марғуб навишта, сафҳаи наверо дар адабиёти навини тоҷик боз намуд.
Устоди зиндаёд Расул Ҳодизода муаллифи повестҳои таърихии хеле ҷолиб ва дорои бадеияти баланди “Сапедадам” (1970, дар бораи Аҳмади Дониш), “Парвози Шоҳин” (1980, дар бораи шоири шаҳири тоҷик Шамсиддин Шоҳин), инчунин асарҳои хонданибобу мондагори “Самарқанднома”, асари ёддоштии “Худоё,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё