Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

медиҳад, ки хонадони Ҳодизодаҳо, алалхусус шахсияти Қозӣ Ҷаъфархони шайхулислом назди амири Бухоро ва дар билоди Самарқанд хеле мутабаррик будааст.

Устоди зиндаёд профессор Расул Ҳодизода, ки дар оилаи аҳли зиё тарбият ёфта буд, бо дониши баланд ва малакаи хуби илмии худ зуд дар байни зиёиёни тоҷик обрӯ ва эътибор пайдо кард.

Соли 1968 асари мондагори Расул Ҳодизода бо номи “Адабиёти тоҷик дар ними дуюми асри XIX” ба нашр мерасад, ки дар ин асар таҳқиқоти мудаққиқ раванди ташаккул ва таҳаввули нимасраи таърихи адабиёти тоҷикро равшан муайян менамояд. Асари мазкур китоби бунёдии илмии адабиётшиносии тоҷик аст, дар он ки мушкилоту норавшаниҳои як давраи зиёда аз нимасраи адабиёти тоҷик хеле мӯшикофона таҳқиқ, таҳлил ва баррасӣ гардидаанд, инчунин дар бораи ривоҷи жанрҳои гуногуни анъанавии адабиёти классикӣ, дар ин давра (нимаи дуюми асри XIX) мушаххасан ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд. Соли 1974 асари дигари илмии устод Расул Ҳодизода зери унвони “Аз гузашта ва ҳозираи адабиёти тоҷик” аз чоп мебарояд, масъалаҳои таърихи адабиёти тоҷикро аз оғози таърих то замони навро дар бар гирифта, оид ба давраҳои таърихии равандҳо ва равияҳои адабии асрҳои гуногун маълумоти хубе медиҳад.

Соли 1986 асари мондагори дигари устод Расул Ҳодизода бо номи “Бӯи ҷӯи Мӯлиён” ба нашр расид, ки ба бисёре аз муаммоҳои перомуни ашъори устод Рӯдакӣ мавҷудбуда рӯшанӣ андохт ва то ба имрӯз ин асар низ дар қатори дигар асарҳои устод китоби рӯмизии муҳаққиқони риштаи илми адабиёт ва дӯстдорони назму насри адабиёти классикии тоҷик мебошад.

Аз муҳаққиқи пуркору донишманди оламшумул профессор Расул Ҳодизода зиёда аз 300 асару мақолаҳо ва

пешина
аз 315
навбатӣ