Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX” (1956, ба забони русӣ) ва дигар асарҳои дар риштаи нақди адабӣ таълифнамудаи эшон, баррасии мавзӯю мундариҷа ва муҳимтарин хусусиятҳои бадеии адабиёти асри XIX-ро фаро гирифта, барои омӯзиши мукаммали масъалаҳои адабии ин давраи таърихӣ асоси мустаҳкам ва заминаи пурбаракату пойдевори пойбарҷои кохи бегазанди адабиёти тоҷикро гузоштанд.

Дар рисолаҳои илмии мондагори профессор Расулхон Ҳодизода “Шоҳин” (Шамсиддин Шоҳин) (1974) ва “Аҳмади Дониш” (1976) нуктаҳои ҷолиб ва хеле печидаю пургиреҳ ва пурфарозу нишеб ва муаммоҳои баҳсталаби ҳаёт ва эҷодиёти ин суханварон аз диди нав таҳлил шуда, моҳияти иҷтимоию таърихӣ ва арзишҳои бадеӣ-эстетикию ғоявии осори онҳо муайян ва ҷамъбаст гардидаанд.

Зиндагии устод Расул Ҳодизодаи Самарқандӣ бо зиндагии академик Муҳаммадҷон Шукурии Бухороӣ ба ҳам шабоҳат доранд, чунки ин ду абармарди илму фарҳанг ва тамаддуни навини тоҷик ҳарду аз хонаводаи зиёд, яъне қозизодагоне буданд, ки яке дар Самарқанди кандманд ва дигаре дар Бухорои Шариф ба камол расидаанд.

Падари академик Муҳаммадҷони Шукурии Бухороӣ – Шарифҷон Махдуми Садри Зиё қозии аморати Бухоро ва ҷадди (бобо) устод Расул Ҳодизода – Ҷаъфархон Ҳодизода қозии шаҳри Самарқанд ва атрофу акнофи он буданд. Обрӯву эътибори Қозӣ Ҷаъфархони Самарқандӣ дар аморати Бухорои шариф хеле баланд буд. Бо фармони амири Бухоро дар вақташ мадрасаи “Шердор”-и Самарқанд ва мавзеи ҳамвориҳои “дашти Қозӣ”-и Панҷакент ба номи Қозӣ Ҷаъфархон Ҳодизодаи Самарқандӣ, яъне бобои устод Расул Ҳодизода вақф шудаанд, ки ин амри амири Бухоро аз он шаҳодат

пешина
аз 315
навбатӣ