Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

даврони навинро дар миқёси ҷумҳуриҳои шӯравӣ ва берун аз он муаррифӣ менамуд.

Хоҳиши Сардафтари адабиёти муосири тоҷик аллома устод С.Айнӣ ин буда, ки бояд муҳаққиқи ҷавону хеле умедбахш ва матншиноси хуби ояндадор адиб ва муҳаққиқи равшанфикр Расул Ҳодизода бояд фаъолияти илмии хешро дар Институти забон ва адабиёт ба номи Рӯдакӣ АФ РСС Тоҷикистон давом бидиҳанд. Шурӯъ аз соли 1954 то соли 2010 устод Р.Ҳодизода тақдири хешро бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ АФ РСС Тоҷикистон пайваста то охири умри азизи хеш (2010) фаъолият намуда, бо осори гаронбаҳои хеш хазинаи тилоии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакиро ғанӣ мегардонанд. Аз ҷумла солҳои 1954-1960 устод Р.Ҳодизода ба ҳайси ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ АФ Тоҷикистон барои рушду нумуи илми адабиётшиносии тоҷик ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Адабиётшинос устод Расул Ҳодизода бо пешниҳоди Раёсати Президиуми АФ РСС Тоҷикистон солҳои 1960-1972 ба ҳайси мудири сектори таърихи адабиёти Институти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон шуда, барои рушду тавсиаи илми шарқшиносии навини тоҷик саҳми босазо мегузорад.

Аз соли 1972 сар карда, солҳои зиёд ба вазифаи мудири Шӯъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ АФ РСС Тоҷикистон фаъолият намуда, барои партавафшонии парчами илми адабиётшиносии даврони шӯравии тоҷик саҳмгузор мешаванд.

Асарҳои таҳқиқотии муҳаққиқи варзидаи илми адабиётшиносии тоҷик устод Р.Ҳодизода “Баъзе масъалаҳои омӯхтани таърихи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX” (1954), “Сарчашмаҳои таърихи

пешина
аз 315
навбатӣ