Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Баъди хатми мактаби миёнаи шаҳри Самарқанд устод Расул Ҳодизода роҳ ба сӯи остонаи донишгоҳ пеш мегирад.
Устод Расул Ҳодизодаи ташнаи дарёи илму маърифат соли 1950 Университети давлатии Осиёи Миёнаи шаҳри Тошкандро бомуваффақият хатм намуда, бо ҳидояти устодони фарзонаашон, адабиётшиносон ва шарқшиносони оламшумули рус И. С. Брагинский, А. А. Семёнов ва устоди алломуву пири маънавиашон устод Садриддин Айнӣ аз соли 1950 то соли 1954 дар шӯъбаи фанҳои ҷамъиятии аспирантураи АФ РСС Тоҷикистон таҳсили худро идома медиҳанд. Ҳини донишҷӯй ва таҳсили бомуваффақият дар шӯъбаи аспирантураи назди АФ Тоҷикистон устод Расул Ҳодизода яке аз рӯзноманигорони фаъолтарини рӯзномаи “Овози тоҷик” буданд, ки аз ҳамон даврон сар карда, мақолаҳои пурмуҳтавои хешро дар риштаи улуми филологӣ, ба вижа масоили мубрами илми адабиётшиносӣ ва худшиносии миллӣ ба чоп мерасониданд.
Бо файзу баракати дониши хубу аъло ва қобилияти фитрии доштанашон устод Расул Ҳодизода ҳанӯз аз овони ҷавониашон дар ду самти пурсавобу хайр ва басо некӯ, яъне ҳам дар самти илми адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ ва ҳам дар ҷодаи нависандагӣ қадамҳои устувору мубораки хешро мегузоранд ва сар карда, аз соли 1954 ва ҳатто шурӯъ аз солҳои 50-ум сафҳаи комилан наверо дар соҳаи илми адабиётшиносии муосири тоҷик ва ҷодаи нависандагӣ боз мекунанд, яъне ситорае дурахшон дар осмони бекаронаи илми адабиётшиносии тоҷик падид меояд.
Устоди ҷӯёву донишманди пӯё Расул Ҳодизода муддате ба ҳайси мушовири ИН ИҶШС фаъолият намуда, адабиёти тоҷикро аз даврони классикӣ то ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё