Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гилагузорӣ ҳам кардам. “Домани адабиёт васеъ, мавзӯъи дигар медиҳам, кор карда, дар ду сол доктор мешавед” - гуфтанд ва чанд мавзӯъ ҳам пешниҳод карданд. Соли 1985 ба Институти забон ва адабиёти рус, ҳоло Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба кор гузаштам ва, ҳамин тавр, аз Анварӣ дур шудам. Самти таҳқиқи ман назария ва амалияи тарҷума шуд. Бинобар ин, тарҷумаи русии “Шоҳнома”-ро хостам таҳқиқ карда рисолаи докторӣ нависам, вале вазифаҳои маъмурӣ ва таълимӣ имкон надоданд...

Бо ин гуфтани нестам, ки аз устодам ранҷидаам, ҳақ ҳам надорам. Баръакс, муносибати мо, то рӯзҳои охири умрашон идома дошт ва хеле самимий буд. Эшон ҳамеша дар ёди ман ҳамчун инсони босалобат, хирадманд, донишманд, роҳнамо ва ашрофзодаи ҳақиқӣ боқӣ мемонанд.

Сайидбурҳониддин Бузургмеҳри СУРУРИ

МУҲАҚҚИҚЕ АЗ ТАБОРИ РӮШАНГАРОНИ МОЗИЙ

Устоди муаззам Расул Ҳодизода зодаи яке аз гаҳвораҳои қадимтарини тамаддун ва фарҳанги тоҷикон – шаҳри бостонии зархезу гуҳаррези Самарқанд буда, 6-марти соли 1928 ба дунё омадааст. Устод Расул Ҳодизода парвардаи хонадони аҳли зиё ва илму ирфон буда, дар оилаи зиёӣ ва муаллими варзида устод Хайдархон Ҳодизода ба воя расида, аз улуми роиҷи аср ба хубӣ баҳравар гардида, ҳамчунин бо тарбияти қиблагоҳи бузургвори хеш Хайдархон Ҳодизода аз асрори улуми динӣ ва дунявӣ маълумоти кофӣ пайдо намуда, дар илми балоғату фасоҳат соҳибиззат мегарданд.

пешина
аз 315
навбатӣ