Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Саид Нафисӣ, сониян, устоди Донишгоҳи Теҳрон, доктор Муҳаммадтакӣ Мударриси Разнавӣ дар идораи Остони Қудс ба нашр расидаанд. Ҳар ду нашр ҳам дар асоси муқобалаву муқоисаи қариб бист нусхаи хаттии девони шоир ба чоп ҳозир шудааст.
Чопи Саид Нафисӣ қариб понздаҳ ҳазор байт ва чопи Мударрис Разнавӣ сездаҳ ҳазору сесад байтро дар бар мегиранд.
Вале, “Девони Анварӣ”, ки дар Тоҷикистон чоп шуд, намунаи хеле ками ғазалиёт ва қитъаҳои шоирро дар бар мегирад. Тартибдиҳанда дар сарсухани муфассал роҷеъ ба аҳволу ашъор ва хусусиятҳои назми Анварӣ маълумот додааст. Ин китоб як навъ мунтахаби осори Анварии Абевардӣ аст.
Бо вуҷуди он ки “Девони Анварӣ” қисми хеле ками эҷодиёти шоирро дар бар мегирад, он то ба имрӯз дар хизмати аҳли сухан аст, зеро бо гузашти қариб 50 сол китоби ашъори Анварӣ дар Тоҷикистон чоп нашудааст.
Хизмати устод Расул Ҳодизода дар анваришиносии тоҷик хеле калон аст.
Охири соли 1981 бо даъвати «Проммашэкспорт» (Москва) дафъаи дувум ба Афғонистон рафтам, ба ҳайси тарҷумон. Дар ин сафар, рисолаи “Анварӣ ва ғазалиёти ӯ”-ро таҳриру такмил дода, ба хатти форсӣ баргардон ва дар Кобул, дар шаш шумораи маҷаллаи “Хуросон” ба нашр расонидам. Ҳамчунин, оид ба эҷодиёти Анварии Абевардӣ мақолаҳо навишта дар Афғонисту Тоҷикистон чоп кардам.
Вақте аз Афғонистон баргаштам ният доштам, ки рисолаи докторӣ нависам. Вале бохабар шудам, ки устодам Расул Ҳодизода таҳқиқи қасидаҳои Анвариро ба шогирди дигарашон додаанд. Рости гап ба муаллим

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё