Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳодизода ҳастанд. Эшон бори нахуст соли 1962 дар маҷаллаи “Садои Шарқ” (№3) бо сарсухани мухтасар намунаи эҷодиёти Анваии Абевардиро пешкаши алоқамандони адабиёт карда буданд. Дар он даврон нашри осори Анварӣ осон набуд, вале устод Расул Ҳодизода аҳамияти омӯзиши ашъори ин шоири бузурги форс-тоҷикро ба назар гирифта, ба сиёсати идеологии вақт безарар будани онро собит карда, ба омӯзиши эҷодиёти ин шоир иқдом кардаанд. Эшон омӯзишро идома дода, соли 1972 мунтахаби осори шоирро бо номи “Девони Анварӣ” бо сарсухани муфассал нашр карданд ва соли 1975 дар силсилаи “Гулшани адаб” намунаи ашъори Анвариро бо муаррифиномаи кӯтоҳ ба дасти чоп доданд. Пас аз устод Ҳодизода адабиётшиноси ҷавон Аҳмад Абдуллоев, ки имрӯз олими муътабар ва профессори Донишгоҳи Тирмиз аст, дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” (12-уми июли соли 1966) бо номи “Суханвари Ховаронӣ” мақолае навишта хонандаи тоҷикро бо Анварӣ ошно намуд. Баъди ин адабиётшиноси маъруф Ҷумъабой Азизкулов дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (17-уми феврали соли 1968) “Анварӣ” ном мақола навишта аҳли мутолиаро бо шахсият ва эҷодиёти яке аз паёмаброни назми форсӣ-тоҷикӣ шинос кард. Баъдан, банда ба пажӯҳиши осори Анваии Абевардӣ камар бастам.

Тавре ишора кардам, соли 1972 бо кӯшиши профессор Расул Ҳодизода тариқи нашриёти “Ирфон” “Девони Анварӣ” ба табъ расид.

Аслан, девони шоир, агар мунтахаби хурди ашъори ӯро, ки дар силсилаи намунаҳои назми форсӣ дар Эрон ба табъ расида, истисно кунем, асосан ду маротиба ба ихтиёри хонандагон расидааст. Девонҳои Анварӣ, аввалан, бо саъю кӯшиши донишманди маъруфи Эрон

пешина
аз 315
навбатӣ