Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

гуфта бароварданд. Баъди нашри девон устод гуфтанд: “Хизмати шумо дар нашри ин китоб хеле зиёд аст, аммо ҳайронам, ки чаро номи шуморо надаровардаам, рӯзи ҳимоя “плюс”-и шумо мешуд...”

Барои он ки рисолаи ман ба сиёсати давр мутобиқ шавад, мо лирикаи Анвариро самти асосии кор интихоб кардем. Дигар ин ки таълифоти Валентин Жуковский сипари мо буд. Зеро ин олими рус ба эҷодиёти Анварӣ баҳои баланд додааст.

Пӯшида нест, ки байни олимони соҳибмактаб ҳамавақт рақобат ва хусумат ҷой дорад. Қабл аз ҳимояи рисолаи ман овоза шуд, ки як гурӯҳ аз “дӯстони Ҳодизода” омодагӣ доранд, ки масъалаи маддоҳу шоҳнавоз будани Анвариро дастак карда дар рӯзи ҳимояи ман халал ворид кунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Пас аз он ки академик Зариф Раҷабов савол доданд, С. Имронов, ки Ҳодизода аз он кас хавф доштанд, “оё эҷодиёти Анвариро, ки асосан аз мадҳу сано иборат буд, зери тадқиқ гирифтан шарт буд?” — гуфта пурсиданд. Ман ҳам мулоим карда ҷавоб додам...

Дар рӯзи ҳимояи ман А. Мирзоев, И. Брагинский, Р. Амонов, М. Осимӣ, А. Афсахзод, М. Шакурӣ ва дигар нухбагони илм ширкат карданд. Ҳамин тавр, ман номзади илмҳои филологӣ шудам.

Чун сухан аз Анварии Абевардӣ ва анваришиносӣ рафт, мехоҳам доир ба фаъолияти анваришиносии устод Расул Ҳодизода чанд ҳарф бигӯям, зеро эшон яке аз аввалин олимоне ҳастанд, ки доир ба рӯзгор ва осори ин шоири бузург таҳқиқот бурдаанд.

Тавре гуфтам, аввалин муҳаққиқи осори Анварӣ (1105, Абеварди Хуросон – 1187, Балх) дар Тоҷикистон устоди банда, донишманди номвар, профессор Расул

пешина
аз 315
навбатӣ