Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

садоқат ва меҳнатдӯстиро ба шогирдонашон талқин менамуданд. Шахси некбину зиндадил ва хушӯҳбат буданд. Боре ҳам нашунидам ва на эҳсос кардам, ки аз касеву аз чизе аз сохторе шикоят кардаву норизоӣ намуда бошанд. Дар дили нозуку ҳассоси муаллим гарди ғуборе нисбат ба касе, чизе ва ё сохторе дида намешуд. Ҳамеша бо як болидарӯҳӣ ва ризояту қаноатмандӣ аз рӯзгори хеш сухан мегуфтанд. Ин ризоят дар чеҳраашон, дар сухану рафторашон низ ҳувайдо буд ва таҷАССУМИ ин ризоят дар китоби хотироташон хуб ифода ёфтааст.

Дарвоқеъ муаллим соҳиби як зиндагии орому осуда ва бонизом буданд. Худованд бароишон ҳамсари меҳрубону оқила ва адофаҳму зебоипарастро насиб гардонда буд, ки дар ҳамаи лаҳзаҳои зиндагӣ ҳамдил, ёвар ва ғамшарику ғамгусори муаллим буданд. Ман ишқу муҳаббати поку самими, дӯстдорӣ, ҳамдиливу ҳамзабонӣ ва ба дарди ҳам марҳам гардиданро дар мисоли зиндагии ин хонадон дидаам, ки ба кам касе хосса, аз аҳли илму адаб даст медиҳад. Рӯзгори ин ҳарду тимсоли зиндагии мардуми комилу хушахлоқ ва ашрофзодаи тоҷик буд, ки дар асоси эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳру мурувват сохта шуда буд. Онҳо бениҳоят ҳамдигарро эҳтиром мекарданд, ҳамеша ҳамроҳ ва аниси ҳамдигар буданд. Ин буд, ки ҳамсари азизи муаллим Баширахон Ҳодизода ҷудоӣ аз ҳамдилу ҳамнафаси хешро зиёд таҳаммул карда натавониста, пас аз ду соли вафоти ҳамсарашон аз ҷаҳон чашм пӯшиданд. Ёдашон ба хайр!

Муаллим Ҳодизода мусиқиро хеле хуб мефаҳмиданд, дар маҳфилу маҷлисҳои хурсандии хешону дӯстонашон бо илҳоми саршор ва хеле хубу орифона мерақсиданд.

Мавсуф шахси масъулиятшинос ва хеле ҷиддӣ буданд ва аз дигарон низ чунин буданро хоҳиш мекарданд. Ҳамкорону шогирдонро баъзан ба анҷоми

пешина
аз 315
навбатӣ