Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳодизода орзуи деринаи банда – идома додани таҳсил дар аспирантура амалӣ гашт ва бо тавсия ва ёрии эшон банда ҳуҷҷатҳоямро ба аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридам. Ва худро хеле хушбахт меҳисобам, ки зери роҳбариву роҳнамоиҳои эшон рисолаи илмӣ навиштам...
Овозаву шуҳрати муаллим Ҳодизода дар зодгоҳашон шаҳри Самарқанд беандоза буд.
Самарқандиён низ бо чунин ҳамшаҳрии донишманду шуҳратёри хеш ифтихор доштанду доранд. Муаллим Ҳодизода шаҳри азизашон Самарқандро чун ҷон гиромӣ медоштанд. Ҳарчанд солҳо дур аз зодгоҳ дар шаҳри Душанбе мезистанд, аммо ҳаминки фурсат даст медод, ҳатман ба ин шаҳр ба дидори ёру дӯстон ва хешовандонашон мешитофтанд. Натиҷаи чунин дӯстдорӣ ва садоқат ба ёру диёр буд, ки муаллим дар айни камолоти эҷодиашон китоберо бо номи «Самарқанднома» навишта ба чоп расониданд. Ин китоб дар шинохти гузашта ва имрӯзаи Самарқанди овозадор аҳамияти беандоза бузург дорад ва бо як ҳисси баланди ватандорӣ навишта шудааст. Гоҳе касонеро дар ҷомиа дучор меоем, ки дар бораи ҳисси миллӣ ва ифтихор аз гузашта соатҳо сухан мегӯянд, аммо дар рафтору амали рӯзмарраи онҳо нишоне аз ин хислатҳоро намебинем.
Устод Расул Ҳодизода бе дағдағаю ҳангома, орому ботамкин, бо фурӯтании хосси ашрофона ва рафтору кирдорашон дар тинати кас ҳисси ифтихору хештаншиносӣ ва ватандӯстиро бедор мекарданд.
Муаллим Ҳодизода шахси бисёрфан, пурдон,
ҳақиқатҷӯ, меҳнатдӯст, адолатпарвар, хушахлоқ ва
хоксору салимӣ буданд. Ҳарчанд солҳо бо эшон синосу
ҳамкор ва ҳамсӯҳбат будам, аммо боре нашунидам, ки
касеро ғайбат кардаву дар ҳаққи касе носазо гуфта
бошанд. Дар илм покизакорӣ, ростманишиву якрӯйӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё