Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
саволе ва гирифтани ҷавоб ба мо санҷиш мегузоштанд. Мо аз он меболидем, ки дар дафтарчаи имтиҳоноти мо дар қатори имзои дигар муаллимони дӯстдоштаамон акнун имзои донишманди маъруф Расул Ҳодизода низ гузошта шуд.
Банда дар дил ҳамеша орзуе мепарваридам, ки пас аз хатми донишгоҳ ҳатман хонданро идома хоҳам дод, аммо ба амалӣ шудани ин хоҳиш гоҳе шубҳа мекардам. Зеро он солҳо дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистони барои тамоми тоҷикон азиз, ки ягона маркази илму адаб ва фарҳанги тоҷикон аст, ва чашми умеди мо аз берун ба сӯйи он ҳамеша нигарон буд, ба сабаби даргириҳои бемаънии солҳои навадум оғоз шуда, имкони таҳсилу зиндагӣ маҳдуд шуда буд. Кӯч бастани олимону донишмандони маъруф аз ин шаҳр, шубҳаву гумонро дар дилам бештар ва идомаи таҳсилро дар ин шаҳр бароям ғайриимкон месохт. Вале ман қатъӣ мехостам, ки аспирантураро маҳз дар шаҳри Душанбе таҳсил намоям, чунки дар ин шаҳр дастрасӣ ба китобу маводи илмӣ ба забони тоҷикӣ бештар буд. Баъзе устодону дӯстон маслиҳатам медоданд, ки ба шаҳри Тошканд равам, он ҷо ободу осудааст ва стипендияи хуб барои аспирантон муқаррар шудааст. Аммо ман мехостам таҳсилро ба забони модариам идома диҳам.
Акнун, ки муаллим Ҳодизода аз шаҳри Душанбе омада ба мо дарс мегуфтанд, дар дили ташнаи илми мо гумону шубҳа нисбат ба нооромии шаҳри ормонӣ ва бениҳоят ба дил наздикамон — Душанбе барҳам хӯрда буд. Ва мо дар хусуси воқеаҳои сиёсии рухдодаи Тоҷикистон муаллимро саволборон мекардем. Мавсуф бо тамкини ба худ хос оромона ва хеле кӯтоҳу пурмаънӣ ҷавоб медоданд. Ва моро боварманд месохтанд, ки дар Душанбе вазъ хеле хуб аст ва мардуми сарбаланди тоҷик озодона зиндагӣ доранд. Маҳз бо шарофати шиносоӣ бо муаллим

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё