Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Пас аз занги баромад донишҷӯёне, ки кори ниҳоят зарур доштанд, ба берун баромадаву зуд баргаштанд, дигар ҳама дар курсиҳои хеш нишаста буданд ва аз чеҳраи ҳар яке онҳо аён буд, ки омадани муаллими муътабарро интизорӣ мекашанд. Баъд аз садо додани занги даромад ҳама донишҷӯён ҳозир шуданд. Нигоҳҳо ба дари дарсхона дӯхта шуданд.
Ногаҳон устод Расул Ҳодизода бо як виқор ва шаҳомате, ки хоси мардуми ҳакиму донишманд аст, вориди дарсхона шуданд. Марди миёнақади кушодачеҳра ва нуронӣ, ки мӯйи сари сафедашон ба қафо шона зада шуда буд, табассуми зебандае бар лаб ба мо саломуалек намуда, иҷозати нишастан дода гуфтанд, ки тайи чанд рӯз аз ғазалиёти Ҳофиз бароимон дарс хоҳанд гуфт. Ва дарси аввалро оғоз намуданд. Лаҳни хушу овози фораме доштанд. Хусусан ғазалҳои Ҳофизро бо оҳанги хеле ширину гӯшнавоз хонда, пас аз он як-як ҳар байтро таҳлилу маъникушоӣ мекарданд. Хусусиятҳои ирфонӣ, тасаввуфӣ ва риндонаву ҳаётдӯстона доштани ашъори Ҳофизро бо ҷузъиёташ бароимон боз мекарданд. Мавзӯи рисолаи дипломии банда, ки «Ҳофиз - шоири некбин» унвон дошт, шунидани чунин дарсҳои орифонаи устоди гиромиям Расул Ҳодизода бароим илҳомбахш ва калиди кушоиши мушкилоти ин мавзӯъ мегардид.
Муаллим Ҳодизода низ саъӣ мекарданд, ки дар ҷараёни дарс нуқтаҳои хеле муҳими ашъори Ҳофизро бароимон бозкушоӣ намоянд. Ҳангоми баёни вежагиҳои сабку ҳунари шоирии Ҳофиз аз ашъори шоирони дигари мутасаввиф ёрӣ ҷуста, намунаҳои шеърии зиёдеро аз ёд мехонданд. Мо ба ҳофизаи муаллим Ҳодизода қоил мемондем ва ҳар як сухани эшонро ҳарисона ва бомароқ шунида, дар дафтарамон қайдҳо мекардем.
Пас аз шунидани чанд соат дарс, ки хеле зуд гузашт, муаллим аз мо санҷиш қабул карданд. Бо додани чанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё