Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Расул Ҳодизода. Аз гузашта ва ҳозираи адабиёти тоҷик. Душанбе, Ирфон, 1974, с. 3-2.

  2. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. Душанбе, Адиб, 2007, с.99.

  3. Ҳамон ҷо, с.63.

  4. Ҳамон ҷо, с. 141.

  5. Расул Ҳодизода. Тасаввуф дар адабиёти форс-тоҷик. Душанбе, Адиб, 1999, с.5.

  6. Садриддин Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик. Душанбе, Адиб, 2010, с. 45.

Анзурати МАЛИКЗОД

ЁДВОРАЕ АЗ УСТОДИ ЗИНДАЁД РАСУЛ ҲОДИЗОДА

Тобистони соли 1997 донишҷӯйи курси панҷуми Донишгоҳи Давлатии шаҳри Самарқанд будам. Дар яке аз он рӯзҳо устоди донишманду маҳбуби мо донишҷӯён, профессор Садрӣ Саъдиев ба дарсхона ворид шудаву гуфтанд: «Бачаҳо, пас аз танаффус ҳама ба дарсхона даромада ором нишинед. Имрӯз ба шумо донишманд ва нависандаи муътабарамон Расулхон Ҳодизода дарс мегӯянд». Мо ҳама ҳайратзада ба маънии «наход?» ба муаллим Саъдиев менигаристем. Зеро аз ин хабари ногаҳонӣ ҳама хурсанд шудем ва дар дил ифтихоре моро пайдо шуд, ки акнун аз устод Расулхон Ҳодизода низ дарсҳо мешунидаем. Ҳарчанд то ин лаҳза бо номи эшон зиёд вохӯрдаву асарҳояшонро бо мароқ хонда будем, аммо рӯ ба рӯ бо он кас сухан гуфтану аз суҳбату дониши эшон баҳравар шудан барои мо ҷолибу гуворотар менамуд.

пешина
аз 315
навбатӣ