Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ном бурд, ки бо сарсухану тавзеҳу ташреҳи зарурӣ иқболи чоп ёфтаанд ва хонандагон бори аввал ба осори ин адибон ва афқору орои эшон ошноӣ пайдо намудаанд.

Зимнан бояд гуфт, ки хизмати устод Ҳодизода танҳо ба фаъолияти илмиву адабиётшиносии ӯ маҳдуд намешавад, балки ба фаъолияти эҷодиву бадеӣ, яъне нависандагиаш низ иртибот мегирад, зеро ӯ ҳамчун нависанда низ дар адабиёти мо шинохта шудааст ва ба назар намоён мешавад. Асарҳои бадеии ӯ, ки дар шакли ҳикояву қиссаву роман эҷод шудаанд, барои хонандагон маълуманд. Дар ин замина қиссаҳои «Сапедадам» (1970), «Парвози Шоҳин» (1980), «Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ» (2002) ва ба вижа романи «Ситорае дар тирашаб» (1983)-и ӯро, ки ба ҳаёту фаъолияти яке аз маорифпарварони бузурги халқи тоҷик Аҳмади Дониш ва вазъи сиёсиву иҷтимоиву адабию маънавии асри XIX бахшида шудааст, махсус бояд қайд кард.

Албатта, дар бораи тамоми ҷанбаҳои фаъолияти устод Ҳодизода сухан гуфтан дар ҳаҷми як ёдкард ва нигариши кӯтоҳ имконнопазир аст. Дар ин замина бояд ба таври васеъ таваққуф намуд, зеро фаъолияти ӯ хеле домандору густурда мебошад. Аз ин хотир, тадқиқ оид ба фаъолияти илмиву адабии устод кори оянда аст. Мо бо ҳамин гуна умедворӣ ба ин навиштаи худ, ки ба ёдбуди вай ихтисос мегирад, нуқтаи таммат мегузорем ва аз забони шоир мегӯем:

Агар хубит як-як баршуморам,
Сар ояд дар шумурдан рӯзгорам.7

Пайнавиштҳо:

  1. 1000 мисраи Рӯдакӣ. Душанбе, Ирфон, 1984, с.13-14.
пешина
аз 315
навбатӣ