Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Зулфи туро чим кӣ кард? Он ки ӯ
Холи туро нуқтаи он чим кард.
В-он даҳани танги ту, гӯйӣ, касе
Донагаке нор ба ду ним кард...5
Маълум аст, ки устод Ҳодизода роҷеъ ба тасаввуф
дар шеъри форсии тоҷикӣ, ки яке аз печидатарин
масъалаҳост, низ рисолае иншо намудааст. Он «Тасаввуф
дар адабиёти форс-тоҷик» (1999) ном дорад. Ӯ дар ин
рисола, ки ба 725-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
бахшида шудааст, худро ҳамчун донандаи хуби адабиёти
форс-тоҷик, ба вижа тасаввуф, ки яке аз ҷараёнҳои
фикри мардуми мост, ба хонандагон муаррифӣ
менамояд ва нуқтаи назари хешро оид ба он баён
медорад. Аз ҷумла, ӯ дар поёни пешсухани хеш чунин
менависад: «Дар таълифи ин мухтасар ман аз он чӣ дар
диёри мову хориҷ аз марзи он дар мавзӯи тасаввуф
навишта шудааст, истифода кардам. Аммо ин истифода
бобаракат буд, на нусхабардорӣ аз кутуби
пешгузаштагон. Банда кӯшиш кардам, ки дар таъриху
пайдоиш, манбаву манша ва рушду тавсиаи тасаввуф худ
ҳам ақидае дошта бошам ва онро ба хонандагон арза
дорам. Баробар ҳамин, банда саъй кардам дар тавсиф ва
таърифи нуктаҳои ирфонӣ ва шарҳу баёни пояҳои
назариявии он бештар ба шеъри шуаро рӯй оварам, то
тавонам аз рӯи имкон иртиботи тасаввуфи шеъри форсӣ
барои хонандагон то андозае равшантар бошад».6
Ногуфта намонад, ки як бахши муҳими кори
эҷодии устод Ҳодизодаро таҳия ва нашри интиқодию
оммавии адибони пешин ташкил медиҳад. Дар ин замина
метавон «Ҳикоятҳои халқии «Маснавӣ»-и Мавлавии
Балхӣ (1963) «Дафтари дилкушо»-и Соҳиб (1965),
«Калила ва Димна»-и Кошифӣ (1966), «Девони Анварӣ
(1971), «Рӯдакӣ ва шоирони ҳамзамони ӯ» (1984),
«Асарҳои мунтахаби Аҳмади Дониш» (1959) ва ғайраро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё