Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
ин ҷо тадқиқоти ҳам манбаъшиносӣ, ҳам луғатшиносиву забон ва ҳам тадқиқоти илми бадеъ ва саноеи шеърӣ ва ниҳоят матншиносиро ба ҳам пайваст кардан лозим аст. Танҳо дар ҳамон сурат матни саҳеҳ ва илмию интиқодии ашъори бозмондаи Рӯдакиро ба вуҷуд овардан мумкин аст».1
Албатта, устод Ҳодизода дар мақолоти хеш оид ба Рӯдакӣ танҳо ба пажӯҳиши зиндагию осор, мазмуну муҳтаво ва мавзӯю ғояи ашъори ӯ иктифо наменамояд, балки роҷеъ ба ҳунари шоирии вай, ки аз масъалаҳои камтаҳқиқшудаи осори Рӯдакӣ маҳсуб мешавад, низ изҳори назар мекунад. Масалан, ӯ дар мақолаи «Дар бораи санъати назми Рӯдакӣ» ҳузури санъатҳои бадеиро дар шеъри устод Рӯдакӣ мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин замина низ мумтоз будани ӯро таъкид ва таъйид менамояд. Аз нуқтаи назари вай, «яке аз сабабҳое, ки ном ва назми Рӯдакиро дар давоми асрҳои бисёр ҷовидонӣ гардонидааст, санъати баланди шеърҳои ӯ мебошад... Рӯдакӣ дар тамоми санъатҳои бадеии сухан як қувваи бузурги шоирона дорад, ки шеърҳои ӯ ҳатто имрӯз ҳам хонандаро ба ҳаяҷон меандозад; хонандаи имрӯза дар вақти хондани ин шеърҳо гӯё тапиши қалби шоирро ҳис мекунад... Абёти пароканда, порчаҳои ҷудогонаеро, ки аз мероси шоир то имрӯз маҳфуз мондааст, ҳар қадар, ки бештар ва такрор ба такрор хонем, зарофат, зебоӣ ва мазмуни санъати ӯ ҳамон қадар бештар ба қалби мо роҳ меёбад».2 Чунончи:
Бунафшаҳои тарӣ хайл-хайл сар бар кард,
Чу оташе, ки ба гӯгирд бардавид кабуд.3
XXX
Ба ҳиҷоб андарун шавад хуршед,
Гар ту бардорӣ аз ду лола ҳиҷоб.4
XXX

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё