Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
калидӣ доир ба ин ду симои бузурги адабиёти ин давра ба шумор мераванд ва то ҳол арзиши худро аз даст надодаанд. Китобҳои дигари ӯ, ки ба ҳамин давра бахшида шудаанд, аз инҳо иборатанд: «Баъзе масъалаҳои омӯхтани таърихи адабиёти тоҷики нимаи дувуми асри XIX» (1966), «Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри XIX» (1956, ба забони русӣ), «Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри XIX» (1968) ва ғайра.
Устод Ҳодизода дар тадқиқ ва омӯзиши Рӯдакӣ низ аз пешоҳангон ба ҳисоб меравад. Бад-ин далел метавон китоби «Аз Рӯдакӣ то имрӯз» (1988)-и ӯро ном бурд, ки чаҳор мақолаи он, аз ҷумла мақолаҳои «Сардафтари назми классикии тоҷик устод Рӯдакӣ», «Пеш аз Рӯдакӣ», «Рӯдакӣ ва муҳити адабии ӯ», «Дар тадқиқи осори Рӯдакӣ», ба баррасии ҳаёту фаъолияти эҷодии устод Рӯдакӣ бахшида шудаанд. Мутолиаи ин мақолот нишон медиҳанд, ки ӯ яке аз рӯдакишиносони шинохтаи тоҷик буда, барои хубтару беҳтар ошно кардани хонандагон ба зиндагию осори Рӯдакӣ хизмати шоиста намудааст. Ӯ дар ин замина андешаву ковишҳои устодон Айнӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Холиқ Мирзозода ва дигар рӯдакишиносонро идомаву густариш бахшида, бо далелҳои тозаву муътамад боз ҳам ғанитару амиқтар сохтааст.
Ногуфта намонад, ки ӯ дар нашр ва тасҳеҳи осори Рӯдакӣ низ хизмати назаррас намудааст. Мо инро дар маҷмӯаи «1000 мисраи Рӯдакӣ», ки соли 1984 аз тариқи нашриёти «Ирфон» ба табъ расидааст, бармало боздид менамоем. Устод Ҳодизода, барҳақ, талаб менамояд, ки мо бояд соҳиби матни интиқодии осори Рӯдакӣ бошем. Аз ин рӯ, вай дар пешсухани маҷмӯа чунин менависад: «Таҷрибаи Саид Нафисӣ ва тартибдиҳандагони маҷмӯаҳои минбаъда собит намуд, ки тартиб додани матни интиқодии ашъори бозмондаи Рӯдакӣ тадқиқоти махсуси дастҷамъӣ ва комплексиро талаб мекунад. Дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё