Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

суҳбату мулоқотҳо ҳамеша пири ботадбир, муаллими илму ахлоқ, инсони соҳибназару равшанзамир будани устодро, ки оиинаи суҳбаташон ҷилвазори ҳикмату ахлоқ ва таҷаллии анвори ҳидоят маҳсуб мешуд, ба равшанӣ эҳсос намуда, саодатмандона меболидам, ки шогирди чунин устоди нусратёр ҳастам ва аз файзи маънавияти олиашон баҳраҳо гирифтаам.

Дар ин айёми сахт бароимон, ки набудани устодро дар миёни худ дарднок эҳсос мекунам, андӯҳи гароне диламро пахш мекунад, чун Бедили бузург мефармояд:

Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ агар хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.

Ҷамолиддин САИДЗОДА

АГАР ХУБИТ ЯК-ЯК БАРШУМОРАМ...

Ҳунар камёб бошад, зар басе ҳаст,
Ҳунар чизест, к-он бо кам касе ҳаст.

Ваҳшии Бофқӣ

Бо номи олим ва адабиётшиноси маъруф Расул Ҳодизода ҳангоми дар мактаби олӣ хондан ва алалхусус дар мактаби миёна кор кардан ошно шуда будам, зеро солҳои сол ӯ яке аз муаллифони китоби адабиёт барои синфи IX буд. Хусусан, боби адабиёти асри XIX, ки ба ӯ ихтисос мегирифт, аз баҳшҳои дигар бо пухтагии андешаву сабки баён ҷалби таваҷҷуҳ менамуд, зеро вай аз донандагону муҳаққиқони мумтози адабиёти ин давра, ба вижа осори Аҳмади Дониш ва Шамсиддини Шоҳин, ба ҳисоб мерафт. Воқеан, рисолаҳои ӯ «Шоҳин» (1974) ва «Аҳмади Дониш» (1976) ҳанӯз ҳам аз асарҳои муҳим ва

пешина
аз 315
навбатӣ