Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

буд, ки дӯстам Нурмуҳаммад Одинаев ба хонаамон занг зада хоҳиш намуд, ки агар имкон бошад барои табрики наврӯзӣ ба хонаи Муҳаммадҷон Шукурӣ, ки дар маҳаллаи Қарияи Боло ҳаст, равем ва ин таклифи ӯро бо хушӣ пазируфтам. Пас аз пахш намудани занги дари хонаи устод дарро ба рӯямон хонуми ин хонадони шарифу мукаррам Дилафрӯз Икромӣ боз намуда, барои ворид шуданамон иҷозат фармуданд. Устодро дар хонаи пазироияшон паси дастаи бузурги китобу коғазҳои рӯйи миз дарёфтем. Сӯҳбати мо он бегоҳ дар мавзӯъҳои мухталиф хеле тӯл кашид. Дар рафти сӯҳбат аз ман оид ба рафти мавзӯи илмиам пурсон шуданд. Ман бароишон аз тағйир ёфтани мавзӯъ маълумот додам ва гумон кардам, ки он лаҳза эшон аз ман бештар шод гардида буданд, ки бо як ҳаяҷон «Баҳ, баҳ, аҷаб мавзӯи хубе пайдо кардед», - гӯён маро табрик мегуфтанд. Дар фароварди сӯҳбат барои ман гуфтанд, ки «акнун наҳаросида дар ҷӯйбор далерона шино кардан гиред».

Шояд бо баракати дуои ин ду фарзонафарзанди миллат буд, ки банда дар мавзӯи "Роҳи эҷодӣ ва афкори маорифпарварии Мирзо Сироҷи Ҳаким» рисолаи илмӣ таълиф намудаву онро сарбаландона дифоъ намудам...

Чизи дигаре ки мехостам зикр намоям, ин аст ки то лаҳзаҳои охири умри устод Расулхон Ҳодизода миёни хонадонҳоямон робитаи хуб барпо буд. Дар бештари маросимҳои хонадоние, ки эшон доир мекарданд, банда ба ҳайси ошпаз хизмат менамудам. Маҳз шарофати эшон буд, ки бо қиблагоҳи фарзонаам дар хонаи устод бо донишмандони зиёде шарафи мулоқот ёфтаам, ки ин сӯҳбатҳо барои ман хеле пурарзиш ва беназиранд ва ба қавле: «Даме пеши доно беҳ аз оламест».

20-уми ноябри соли 2005 дар қабати дувуми ошхонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон базми хатнасурии писарам Сайидамирро доир намудему устод

пешина
аз 315
навбатӣ