Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Расулхон Ҳодизода бо ҳамроҳии хонумашон ба ин базм ташриф овардаву бо ранҷа намудани қудуми муборакашон ба хурсандии хонадони мо боз шукӯҳу шодии зиёдеро зам сохтаву меҳмони азизу арҷманди мо шуда буданд. Он рӯз устод хонадони моро ба ин хурсанди табрик гуфта ва ҳамзамон падари бузургворамро оғӯш кашида фармуданд, ки «камина бо Ҳоҷӣ Саййидолим ҳамсол ҳастем. Ва ман агар аз ибтидо медонистам, ки Ҳамзаҷон чунин падари шоиру табиб ва донишманду маорифпарвар доранд, маҷбур мекардам, ки роҷеъ ба рӯзгору осори эшон рисолаи илмӣ нависанд».

Устод Расулхон Ҳодизода дар вафову дӯстӣ низ беназир буданд ва ҳамеша кӯшиш менамуданд, ки ин суннати наҷиби инсониро поку беолоиш нигоҳ доранду барои мо шогирдонашон намунаи ибрат бошанд. Ҳар нафаре, ки бо устод бори нахуст вохӯрдаву мулоқот менамуд аз салобату шукӯҳи домулло зуд дасту по хӯрда ҳарфҳои дилаш канда-кандаву пареш-пареш баён мешуд. Вале дар баробари сахтгирӣ, инчунин дар замири устод самимияту меҳр беандоза нуҳуфта буд...

Бо гузашти айём набудани эшон бармало эҳсос мегардад, мақом ва ҷойгоҳи устод Расулхон Ҳодизода дар корзори илму адаби тоҷик ҳамчун як чеҳраи мондагор барои ҳамешагӣ холии аст:

Домони муборакат буд орӣ
З-олудагии ҷаҳони фонӣ!

пешина
аз 315
навбатӣ