Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
мавриди назар мутолиа намудаву барои худам баргаҳо тартиб медодам. Дар ин асно ба осор ва зиндагиномаи адиби ҷавонмарги тоҷик Мирзо Сироҷи Ҳакими Бухороӣ ошно гардидам, ки таваҷҷуҳи маро бештар моили хеш гардонида буд ва барои худам маводи бештаре аз рӯзгору эҷодиёти ӯ гиррдӯварӣ намудам. Ба ҳамин минвол барои боби якуми кор мавод омода мешуд. Вале дар кунҷи дилам суханони гуфтаи Муҳаммадҷон Шукурӣ рӯз ба рӯз шарораро бармеангехтанд. Аз ин лиҳоз, тасмим гирифтам, ки бори дигар бо устоди илмиам Собирҷон Мирзоев ва мушовири илмиам Расулхон Ҳодизода сари мавзӯи рисолаам сӯҳбате дошта бошам. Бо ҳамин ният рӯзи панҷшанбеи моҳи марти соли 1996 боз ба Пажӯҳишгоҳ ба назди устод Расулхон Ҳодизода омадам. Он касро дар дафтари кориашон пайдо кардаму оид ба рафти корҳоям бароишон маълумот дода афзудам, ки агар мавзӯи кориамро тағйир диҳаму ба ҷои ақидаҳои маорифпарварии Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ ба омӯзиши мавзӯи «Роҳи эҷодӣ ва афкори маорифпарварии Мирзо Сироҷи Ҳаким» машғул шавам, бароям хуб мешавад. Он кас баробари шунидани номи мавзӯъ ва пешниҳоди банда аввалан сукут намуда, пасон пурсиданд, ки чӣ сабаб шуд, ки аз мавзӯи собиқ даст кашидед? Посух додам, ки бештари осори таълиф намудаи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ бо забони узбекӣ мебошад, вале ман аз донистани он маҳрумам. Устод баробари шунидани суханҳоям оташин шуда гуфтанд, ки агар олим шудан хоҳед, бояд забонро омӯзед. Ман дигар ҳарфе нагуфта хомӯш истодам. Чанд лаҳза аз хомӯшии миёни мо пушти сар шуду билохира он кас гуфтанд, ки пешниҳодат қабул, метавонӣ аз паси кораат шавӣ. Бо ҳамин ман хурсандона аз пеши устод берун омада ба сӯи донишгоҳ роҳ пеш гирифтам ва худи ҳамон рӯз ба устод Собирҷон Мирзоев низ оид ба иваз шудани мавзӯъ сӯҳбат намудам. Аз миён чанд рӯз гузашта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё