Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Мирзоевро шуниданд, бо як лутфу меҳрубонии хос маро ба нишастан таклиф намуданд. Суолҳои пайваставу пайдарпайи Расулхон Ҳодизодаро мешунидаму аз рӯйи тавонам шармида-шармида посух мегуфтам. Устод пас аз шунидани посухҳоям гуфтанд, ки ҷодаи илм нозу шӯхӣ барнамедорад ва он касе дар ин роҳ ба қуллаи мурод мерасад, ки пайваста мутолиа дошта бошаду сабру таҳаммул ва фаросати комил. Ба ҳар ҳол ман бо ҳамроҳии дӯстам Собирҷон машварат намуда, ғоибона барои шумо як мавзӯъ пайдо кардем, - афзуданд эшон. Ман номи мавзӯъро, ки «Ақидаҳои маорифпарварии Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ дар адабиёти тоҷики нимаи дувуми асри XIX ва ибтидои садаи XX» унвон дошт зуд дар варақае навишта бо иҷозати эшон аз дафтари кориашон берун омадам. Дар роҳрави Пажӯҳишгоҳ ба устоди фозилу фарзона, зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурӣ вохӯрдаму он кас (бояд гуфт, ки бо ин фарзонаи миллат тавассути дӯсти ҳамсолу ҳаммактабиам, донишманди пухтакор Нурмуҳаммад Одинаев аз наздик шинос гашта будам) аз омаданам ба ин макони муқаддас пурсон шуданд. Барояшон ҳамаи гуфтугӯи чанд лаҳза пеш бо устод Расулхон Ҳодизода доштаамрову мавзӯи кори илмии ояндаамро, ки аз ҷониби он кас бароям арза шуда буд, гуфтам. Чун номи мавзӯъро шуниданд, каме сукут намуда, пасон гуфтанд, ки «Расулхон шуморо ба дарё партофтаанду гумон меравад, ки дар он дарё шино кардан тавонед. Охир бояд шумо шиновариро дар ҷӯйбор омӯзед на дар дарё». Ин ҳарфҳои устод ба ман асар карда буд, ки зуд вазъам тағйир хӯрд. Ҳолати маро дида устод маслиҳат доданд, ки ба ҳар ҳол паи омӯзиш камар бандеду мавод ҷамъоварӣ намоед, баъдан давомашро маслиҳат мекунем. Ба ҳамин тариқ, шаш моҳ пушти сар шуду ин ҷониб ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи донишгоҳ ворид шудам. Пайваста адабиёти лозимаро оид ба мавзӯи

пешина
аз 315
навбатӣ