Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
обшорони сабз аз қалами эшон сарозер мешуданду рӯйи баргаҳои коғаз ҷорӣ мегардиданд ва худ ба худ амали гузиниши хубҳо ва канор задани бадҳо анҷом мегирифт...
Зиндагии профессор Расулхон Ҳодизода чӣ зиндагии фардӣ ва чӣ зиндагии иҷтимоӣ ва давроне, ки эшон дар он зистаанд қобили мутолиа ва баррасӣ аст. Вале ин ҷониб тасмим гирифтам, ки дар нигоштаи худ чанд лаҳзае аз хотироти дар ҳофизаам нақшбастаро рӯйи авроқ бирезаму манзури хонандагон ва муштоқони устод намоям.
Аввалин ошноии ман бо ин устоди забардаст ва олими нуктасанҷ тирамоҳи соли 1995 рух дода буд. Зеро пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар кафедраи адабиёти тоҷик ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯз фаъолият доштаму ором-ором гомҳои нахустинро ба майдони илм бо навиштани мақолаву тақризҳо мегузоштам. Дар яке аз ҳамин рӯзҳо устоди равоншодам Собирҷон Мирзоев, ки мудирияи кафедраи адабиётро ба дӯш доштанд, маро надашон хонда фармуданд, ки фардо рӯзи сешанбе ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ ба назди профессор Расулхон Ҳодизода равам. Ман аз ин амр ва супориши устодам ҳайратзада шудам, ки чӣ тавр ин олими шинохтаи кишварро ман ҳанӯз аз наздик мулоқот накардааму метавон аз эшон оид ба мавзӯи кори илмиам маслиҳат пурсам. Собирҷон Мирзоев ба қиёфаи ҳайратзадаву дар шигифтмондаам назар карда, зуд он чиро ки ин лаҳза дар мағзам мегузарондам дарк намуда, барои рӯҳбаланд намудани ман гуфтанд, ки дирӯз роҷеъ ба ту ба он кас маълумот додам ва эшон ғоибона туро мешинохтаанд... Рӯзи муқарраргардида ба назди устод омадаму худро муаррифӣ ва аз ҷониби Собирҷон Мирзоев омаданамро бароишон гӯшзад сохтаам. Устод чун исми Собирҷон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё