Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
партови ин нури рахшонро то ба дилҳои хонандагон расонад.
Ҳамза БОҚӢ
ДОМОНИ МУБОРАКАТ БУД ОРӢ...
Донишманди зиндаёд Расулхон Ҳодизода номест ошно барои тамоми касоне, ки ба навъе бо мутолиа ва китоб дар заминаи фарҳанг ва адабиёт сари кор доранд. Насри зебо, равон ва содаи эшон ба наҳвест, ки хонанда на танҳо аз хондани он хаста намешавад, балки ҷудоӣ аз он китобро таҳаммул карда наметавонад. Нигорандаи ин матолиб ва бисёре аз дӯстон, ки бо онон ошно ва дамхӯр ҳастам, алоқа ба мутолиа ва китобро аз осори доктори илми филология, профессор ва адиби чирадасту нозукхаёл устод Расулхон Ҳодизода оғоз кардаанд. Ин ҷониб пас аз мутолиаи осори илмӣ ва адабии устоди равоншод бо худ фикр мекардам, ки агар дар ҳама навиштаҳои олимону адибони кишварамон он ҷаззобият ва инсиҷому содагӣ ва равоние, ки дар осори эшон аст, вуҷуд медошт то чӣ андоза дар фарҳанги мутолиа ва китобхонӣ метавонистем қадамҳои устуворона гузорем, аммо ин танҳо як орзу аст ва агар чунин мебуд вежагии қалами профессор Расулхон Ҳодизода дар миёни соири олимону нависандагон барҷастагӣ намеёфт. Ҳарчанд ки бар ивази ин заҳматҳо ҷуз дандони сабр болои ҷигар гузоштану танҳо бо умеди фардои нек зиндагӣ ва эҷод намудан умеди дигаре дар дил намепарварид...
Ростӣ мехоҳам бигӯям, ки Расулхон Ҳодизода он миқдор тавони эҷоду хамирмояи муҳаққиқиву нависандагӣ дошт, ки барои навиштан талош намекард ҳам, вале чун қаламро рӯйи қоғаз мегузошт вожаҳо чун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё