Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
подшоҳӣ суолҳои зиёде дар зеҳнаш хутур менамояд, ки мабнӣ бар ақибмонии Бухорою мардуми он ва пешрафти русҳою халқҳои дигар буд.
Ҳатто замоне ки Отто Струве ба Аҳмади Дониш мили якметраи астрономиро туҳфа менамояду онро ба Бухоро меорад, аз тарси он ки мабодо мардум ӯро ҷодугару коҳин ва девона нахонанд, онро дар ҳавлию боми худ намекушояд. Фақат замоне ки ба хонаи дӯсташ Сарир меҳмонӣ меравад, ҳамроҳи дӯстон аз айвони болохонаи ӯ бо ин мил ба мушоҳидаи ситораю сайёраҳо мепардозад.
Ҳамин тариқ, романи “Ситорае дар тирашаб” тасвири тирагиҳои рӯзгори Аҳмади Дониш ва ҳамзамоному ҳамзабонони ӯст, ки дар заминаи осори муҳими таърихӣ ва адабӣ навишта шуда, масъалаҳои доғи он замонро матраҳ менамояд. Мушкилоти рӯзгори маишии мардум, бесаводии оммавӣ, тангии муҳити иҷтимоию фарҳангии Бухоро, маҳдудияти фикрии аҳли илму пешвоёни мазҳабӣ, фасодзадагию фарсудагии ҳукумати вақт, ислоҳталабии тамоми соҳаҳои зиндагии кишвар, махсусан, сохти сиёсию иҷтимоӣ ва маориф аз аввалҳои асар фикри қаҳрамони асар, яъне Аҳмади Донишро машғул медошт ва баъди сафари Русия ҳисси ислоҳталабию таҷдиди ҳаёти ҷомеа дар замираш қувват гирифта, ӯро ба таълифи асарҳои маорифпарварӣ ҳидоят намуд. Романи мавриди назар аз муҳимтарин осорест, ки ба таҳқиқи бадеии образи Аҳмади Дониш бахшида шуда, нависанда воқеияти замон, андеша ва орои равшангарёнаи ӯро бо камоли масъулият ва маҳорат тасвир намудааст. Аҳмади Дониш чун ахтари тобоне дар осмони Бухоро буд, ки бо фурӯғи худ шаби тори мардуми тоҷикро равшанӣ мебахшид ва нависанда кӯшидааст, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё